Аз «Тоҷикфилм» то арсаи ҷаҳонӣ: Мавсими нави «Шабпараки алмосӣ» ва даъвати Тоҷикистон - ИА Караван Инфо
Аз «Тоҷикфилм» то арсаи ҷаҳонӣ: Мавсими нави «Шабпараки алмосӣ» ва даъвати Тоҷикистон

Душанбе, 24 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҷоизаи синамоии авруосиёии «Шабпараки алмосӣ» мавсими нави худро оғоз намуда, боз ҳам синамогарони Тоҷикистонро барои пешниҳоди филмҳояшон ба ҷомеаи байналмилалии касбӣ даъват мекунад. Даври навбатии ҷоиза дар охири соли 2026 дар Москва оғоз гардида, идомаи лоиҳае хоҳад буд, ки дар муддати кӯтоҳ ба яке аз минбарҳои муҳими муколамаи фарҳангии Авруосиё табдил ёфтааст.

Ҷоиза аз ҷониби Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия ва Фонди фарҳанги Русия таъсис дода шуда, ташаббускори он коргардон ва арбоби ҷамъиятӣ Никита Михалков мебошад.

Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое буд, ки ҳанӯз дар марҳилаи ташаккули Академияи синамои Авруосиё ва ин ҷоиза ба ташаббус таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар муаррифии лоиҳа дар моҳи апрели соли 2025 дар Москва намояндагони беш аз бист давлат, аз ҷумла ҳайати Тоҷикистон иштирок доштанд.

Он вақт директори киностудияи Тоҷикфилм Маҳмадсаид Шоҳиён аҳамияти чунин ташаббусҳоро барои кишварҳое, ки мехоҳанд ҳувияти фарҳангии худро ҳифз ва рушд диҳанд, махсус таъкид карда буд.

«Таърих, фарҳанг ва анъанаҳо пояе мебошанд, ки ҳама чизи дигар бар он бунёд меёбад. Ин арзишҳоро наметавон тағйир дод ё аз нав навишт, бинобар ин чунин ҷоизаи синамоӣ бисёр арзишманд аст — он фазое фароҳам меорад, ки сарвати фарҳангии мо шунида ва эътироф гардад».

Аввалин маросими супоридани «Шабпараки алмосӣ » 27 ноябри соли 2025 дар Москва баргузор шуд. Барои дарёфти ҷоиза 34 филм аз 17 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон пешниҳод гардид. Барои ҷоизаи нав ин нишон дод, ки лоиҳа тавонистааст таваҷҷуҳи синамогарони на танҳо Русия, балки тамоми фазои Авруосиёро ҷалб намояд.

Барои синамои Тоҷикистон иштироки филми муштараки Тоҷикистону Эрон «Моҳича дар қалмоқ» аз коргардон Муҳиддин Музаффар аҳамияти махсус дошт. Филм ҳамзамон дар чанд номинатсия — «Беҳтарин коргардон» ва «Беҳтарин нақши мардонаи дараҷаи дуюм» пешниҳод гардида, барои эҷодкорони он эътирофи байналмилалии назаррас ба ҳисоб мерафт.

Ба андешаи коршиносон, иштирок дар чунин ҷоизаҳо барои синамои миллӣ на танҳо аҳамияти имиҷӣ, балки манфиати амалӣ низ дорад. Ҷашнвораҳо ва ҷоизаҳои байналмилалӣ ба пешбурди филмҳо берун аз кишвар, пайдо кардани шарикони истеҳсоли муштарак, ҷалби таваҷҷуҳи дистрибюторҳо ва васеъ намудани доираи тамошобинон мусоидат мекунанд.

Барои Тоҷикистон, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба синамои муаллифӣ ва таърихию фарҳангӣ афзоиш меёбад, иштирок дар мавсими нави «Шабпараки алмосӣ» метавонад боз як имкони муаррифии худ дар бозори синамои Авруосиё ва нишон додани равандҳои нави рушди саноати миллии кино гардад.

Мавсими нави ҷоиза дар амал ба майдоне табдил меёбад, ки кишварҳои минтақа на танҳо барои ҷоизаҳо рақобат мекунанд, балки тавассути забони кино муколамаи умумии фарҳангиро низ шакл медиҳанд.

Акс: АИ ТАСС