Қазоқистон дар Брюссел созишномаҳо оид ба зеҳни сунъӣ, илм ва кайҳонро имзо намуд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон дар Брюссел созишномаҳо оид ба зеҳни сунъӣ, илм ва кайҳонро имзо намуд

Брюссел, 23 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар доираи сафари давлатии президенти Қазоқистон ба Белгия бастаи созишномаҳои стратегӣ ба имзо расид. Ҳуҷҷатҳо ба рушди зеҳни сунъӣ, илм, инфрасохтори рақамӣ ва технологияҳои кайҳонӣ равона намуда шудаанд. Аз ҷониби Қазоқистон маросимро муовини сарвазири зеҳни сунъӣ Жаслан Мадиев ва вазири илм Саясат Нурбек баргузор намуданд.

Бо донишгоҳҳои Белгия, марказҳои пешрафтаи илмӣ-таълимии Аврупо созишномаҳо ба имзо расиданд. Ҳуҷҷатҳо таҳқиқоти муштарак, ҳаракати академикӣ (табодули донишҷӯен ва омӯзгорон), тайёр намудани кадрҳо ва лоиҳаҳоро дар доираи барномаи ИА Хорайзон Юроп (horizon Europe барномаи чаҳорчӯбаи ИА оид ба илм ва инноватсия) пешбинӣ мекунанд.

Қазоқистон Horizon Europe-ро ҳамчун воситаи ҳамгироӣ ба фазои тадқиқотии аврупо меҳисобад. Созишномаҳо барои дархостҳои муштарак ва лабораторияҳо замина фароҳам меоранд.

Таъкиди махсус ба самти “Эй ай фор Сайенс энд Инновейшн” (Ai for Science and Innovation истифодаи зеҳни сунъӣ барои суръат бахшидани тадқиқоти илмӣ) дода шудааст.

Ба ташаббусҳои муштарак маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ (ISTC) барои ҳамроҳии консорсиумҳои тадқиқотӣ пайваст намуда мешавад.

Шартнома дар бораи фаъолияти муштарак байни ширкати миллии Қазақстан Ғариш Сапари (парвозҳои кайҳонии Қазоқистон) ва ширкати Люксембургии “Гидросат” (Hydrosat, ки ба таҳлили моҳвораӣ тахассус дорад) ба имзо расид. Лоиҳаи озмоишӣ идоракунии захираҳои об дар Қазоқистон бо истифода аз системаи аврупоии мониторинги моҳвораӣ “Коперникус” (Copernicus) ва технологияҳои Hydrosat. Лоиҳа Вилояти Ҷамбулро фаро мегирад ва миқёси минбаъдаро пешбинӣ мекунад.

Ҳуҷҷатҳои имзошуда мавқеи Қазоқистонро ҳамчун маркази технологии Авруосиё мустаҳкам мекунанд.

Сурат: МСРИАП ҶҚ