Низомиёни Қазоқистон дар кӯҳи Денали Амрикои Шимолӣ парчам бардоштанд - ИА Караван Инфо
Низомиёни Қазоқистон дар кӯҳи Денали Амрикои Шимолӣ парчам бардоштанд

Остона, 24 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Гурӯҳи кӯҳнавардон аз Маркази омодагии кӯҳии Нерӯҳои амалиёти махсуси Қазоқистон баландтарин қуллаи Амрикои Шимолиро кӯҳи Денали забт намуданд. Дар баландии 6190 метр хизматчиёни ҳарбӣ парчами давлатӣ ва парчами Нерӯҳои амалиёти махсусро бардоштанд.

Экспедитсия сатҳи баланди тайёрӣ, тобоварӣ ва рӯҳияи хизматчиёни ҳарбии қазоқистонро нишон дод. Кӯҳи Денали дар ҷануби Қисми марказии Аляска ҷойгир аст ва ба боғи миллии ҳамноми он дохил мешавад. Дар тарҷумаи забони ҳиндуҳои атабаски “Денали” маънои “Бузург” – ро дорад.

Сурат: ВМ ҶҚ