Шамшербозони қазоқистонӣ чемпионҳои олимпиро мағлуб намуданд ва тиллои чемпионати Осиёро гирифтанд
Деҳлӣ, 24 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дастаи мунтахаби мардони Қазоқистон оид ба шамшербозӣ тиллои чемпионати Осиёро ба даст овард. Дар финал қазоқистониён дастаи Ҷопонро бо ҳисоби 45:40 мағлуб намуданд.

Дастаи мунтахаби Ҷопон дар ду Олимпиадаи охир тилло ва нуқра ба даст овард. Дар ҳайати дастаи Қазоқистон Ерлик Сертай, Вадим Шарлаимов, Никита Жулинский ва Кирилл Проходов баромад намуданд.
Ин медали чоруми дастаи Мунтахаби Қазоқистон дар мусобиқа аст. Пештар Ирина Бакалдина дар шамшербозии шахсӣ қаҳрамон шуд ва Руслан Қурбонов биринҷӣ ба даст овард.
Аксҳо: КОМ ҶҚ
