Остона, 30 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Ташкилотҳои тиббии Вилояти Алмаато 70 мошини нави ёрии таъҷилӣ гирифтанд. Нақлиёти муосири санитарӣ бо шарти лизинг харидорӣ намуда шудааст ва аллакай ба ихтиери хадамоти ёрии таъҷилии тиббӣ ворид шудааст.

Аз шумораи умумии мошинҳо 30 реанимобилҳои категорияи С, 40 мошини дигар ба категорияи В тааллуқ доранд. Ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ барои расонидани ёрии таъҷилӣ ба беморон муҷаҳҳаз намуда шудаанд.
“Навсозии парк имкон медиҳад, ки дастрасӣ ва сифати ёрии таъҷилии тиббӣ барои сокинони минтақа беҳтар намуда шавад”, — қайд намуданд дар маросими интиқоли техника.
Рушди системаи тандурустии вилоят дар доираи лоиҳаи миллии навсозии тибби деҳот идома дорад. Соли гузашта дар ин ҷо 38 иншооти нави тиббӣ кушода шуда, 347 адад таҷҳизоти замонавӣ харида шуд. Ба туфайли ин, сатҳи таҷҳизоти ташкилотҳои тиббии минтақа ба 93% расид.
Калидҳои мошинҳои навро ба кормандони тиб ҳокими Вилояти Алмаато Марат Султонғазиев супорид, ки ӯ инчунин беҳтарин мутахассисони соҳаро дар арафаи Рӯзи корманди тиб қайд намуд.
Аксҳо: Вазорати Тандурустии ҶҚ
