Душанбе, 29 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Қонуни нави федералӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандие, ки бо шартнома дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия хизмат кардаанд ё дар амалиёти ҷангӣ дар ҷониби артиши Русия иштирок доштаанд, мақоми махсуси муҳоҷиратиро муқаррар менамояд.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин қонуни федералиеро ба имзо расонд, ки кафолатҳои иловагии ҳуқуқиро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандие, ки бо шартнома дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия хизмат мекунанд ё хизмат кардаанд, инчунин дар амалиёти ҷангӣ дар ҷониби артиши Русия иштирок намудаанд, пешбинӣ мекунад.
Тибқи қонуни нав, чунин шахсон аз қаламрави Русия ихроҷ карда намешаванд. Илова бар ин, мақомоти давлатӣ наметавонанд ба онҳо дар додани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ, иҷозатномаи истиқомати доимӣ ё иҷозатномаи фаъолият (кор) рад намоянд. Ҳамчунин, ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратие, ки қаблан ба онҳо дода шудаанд, бо асосҳое, ки таҳти амали ин қонун қарор мегиранд, бекор карда намешаванд.
Бо ин тартиб, қонун барои шаҳрвандони хориҷие, ки хизмати худро бо Қувваҳои Мусаллаҳи Русия пайвастаанд, низоми махсуси ҳуқуқиро муқаррар намуда, ба онҳо кафолатҳои иловагӣ барои иқомати қонунӣ ва ҳифзи мақоми ҳуқуқӣ дар қаламрави Федератсияи Русия фароҳам меорад.
Қабули ин қонун нишон медиҳад, ки сиёсати муҳоҷирати Русия тадриҷан тағйир ёфта, масъалаҳои амнияти миллӣ ҳарчи бештар бо танзими мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ пайваст карда мешаванд.
Барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ин санад, пеш аз ҳама, аҳамияти ҳуқуқӣ дорад, зеро он истисно аз қоидаҳои умумии қонунгузории муҳоҷиратро танҳо барои гурӯҳи муайяни шаҳрвандони хориҷӣ муқаррар мекунад. Ҳамзамон, қонун ба дигар муҳоҷирони меҳнатӣ дахл надорад ва тартиби амалкунандаи будубош, фаъолияти меҳнатӣ ё гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратиро барои шахсоне, ки таҳти амали он қарор намегиранд, тағйир намедиҳад.
Акси рамзӣ: https://rg.ru/
