Дар Алмато намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти Тоҷикистон баргузор гардид: вилояти Хатлон иқтидори содиротӣ ва ҳунарҳои миллиро муаррифӣ намуд - ИА Караван Инфо
Дар Алмато намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти Тоҷикистон баргузор гардид: вилояти Хатлон иқтидори содиротӣ ва ҳунарҳои миллиро муаррифӣ намуд

Душанбе, 29 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба майдони муаррифии иқтидори содиротии вилояти Хатлон, таблиғи маҳсулоти ватанӣ ва шиносо намудани сокинону меҳмонони Қазоқистон бо фарҳангу ҳунарҳои миллии тоҷикон табдил ёфт.

Дар чорабинӣ истеҳсолкунандагон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳунармандони вилояти Хатлон иштирок намуда, маҷмуи васеи маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҳосили нави кишоварзиро ба маърази тамошо гузоштанд. Ҳамчунин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки анъанаҳои чандинасраи тоҷиконро таҷассум мекунанд, пешниҳоди меҳмонон гардиданд.

Меҳмонон бо навъҳои гуногуни сабзавоту меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, меваҳои хушк, ки дар бозорҳои хориҷӣ талаботи зиёд доранд, инчунин маҳсулоти корхонаҳои коркарди ватанӣ шинос шуда, имкони харидории онҳоро пайдо карданд. Дар баробари ин, дар ярмарка маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, армуғонҳои миллӣ ва навъҳои гуногуни нону маҳсулоти анъанавии тоҷикӣ низ пешниҳод шуданд.

Қисми муҳими чорабинӣ барномаи фарҳангӣ буд. Дастаҳои ҳунарии Тоҷикистон бо иҷрои суруду таронаҳо ва рақсҳои миллӣ ҳунару фарҳанги тоҷиконро муаррифӣ намуда, устоҳои ҳунарҳои мардумӣ маҳорати худро ба намоиш гузоштанд ва меҳмононро бо анъанаҳои қадима ва ҳунарҳои миллии тоҷикон ошно карданд.

Баргузории чунин намоишгоҳ ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, тавсеаи имкониятҳои содироти маҳсулоти ватанӣ, рушди робитаҳои мустақими соҳибкорон ва густариши ҳамкориҳои фарҳангиву башардӯстонаи ду кишвари дӯст мусоидат намуд.

Намоишгоҳ-ярмарка, ки рӯзҳои 27–28 июн баргузор гардид, барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Алмато имконият фароҳам овард, то бо дастовардҳои муосири соҳаи кишоварзӣ ва саноати Тоҷикистон аз наздик шинос шуда, сифати маҳсулоти ватаниро арзёбӣ намоянд ва бо мероси ғании фарҳанги миллии тоҷикон бештар ошно гарданд.

Акс: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон