Душанбе, 30 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар остонаи оғози ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз (GCF) дар шаҳри Душанбе маросими тантанавии ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки ба рамзи ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва талошҳои муштарак барои рушди устувор табдил ёфт.

Дар ин иқдоми экологӣ Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Мафалда Дуарте, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд, ҷавонон ва иштирокчиёни ҷаласаи дарпешистодаи Шурои Фонд ширкат варзиданд.
Чорабинӣ дар ҳошияи омодагӣ ба ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF баргузор гардид, ки бори аввал дар таърихи Осиёи Марказӣ аз 29 июн то 2 июл дар шаҳри Душанбе доир мешавад. Маҳз дар ин рӯзҳо пойтахти Тоҷикистон ба маркази муҳокимаи масъалаҳои маблағгузории иқлим ва татбиқи лоиҳаҳои рушди устувор табдил меёбад.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода зимни суханронӣ меҳмонони хориҷиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки баргузории чунин ҳамоиши бонуфуз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардидааст.
Ба гуфтаи ӯ, мизбонии ҷаласаи Шурои GCF нишонаи эътирофи сиёсати пайгиронаи экологӣ ва нақши рӯзафзуни Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мебошад.

Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Мафалда Дуарте низ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сатҳи баланди омодагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории ҷаласаи байналмилалӣ изҳори сипос намуда, саҳми Тоҷикистонро дар пешбурди ташаббусҳои экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ баланд арзёбӣ кард.
Ба маросими ниҳолшинонӣ мазмуни рамзӣ бахшида шуд. Ҳар як ниҳоли шинонидашуда ба яке аз самтҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонии иқлим бахшида гардид. Аз ҷумла, маблағгузории иқлим, ҳамкориҳо дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо, нигоҳдории гуногунии биологӣ, ҷалби ҷавонон ба иқдомҳои иқлимӣ, рушди инфрасохтори устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим.

Тавре ташкилкунандагон таъкид менамоянд, ин иқдоми муштарак на танҳо як чорабинии экологӣ, балки рамзи масъулияти дастаҷамъии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини ояндаи амн барои наслҳои оянда мебошад.
Баргузории ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз дар Душанбе ҳамчун яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои байналмилалии соли ҷорӣ арзёбӣ шуда, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар дипломатияи иқлим, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузории «сабз» барои рушди устувор боз ҳам таҳким мебахшад.
Акс: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
