Истеъдодҳои ҷавони Тоҷикистон дар ҷашни байналмилалии «Алые паруса» кишварро муаррифӣ мекунанд - ИА Караван Инфо
Истеъдодҳои ҷавони Тоҷикистон дар ҷашни байналмилалии «Алые паруса» кишварро муаррифӣ мекунанд

Душанбе, 30 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Хонандагони болаёқати Тоҷикистон, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, дар яке аз маъруфтарин чорабиниҳои байналмилалии ҷавонон — ҷашни хатмкунандагони «Алые паруса» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия иштирок доранд.

Ин сафар боз як намунаи густариши ҳамкориҳои гуманитарии Тоҷикистону Россия ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Аз 25 то 29 июн ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи расмии ин чорабинии бонуфуз иштирок мекунад. Ба ҳайати кишвар 12 нафар хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе — ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки аксарияти онҳо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, инчунин ду нафар роҳбар шомиланд.

Ҳамаи иштирокчиён ҳуқуқи намояндагӣ аз Тоҷикистонро бо шарофати дониши амиқ, қобилияти баланди зеҳнӣ ва дастовардҳои намоёни худ дар мусобиқаҳои бонуфузи илмӣ ва таълимӣ соҳиб шудаанд.

Сафари ҳайати Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» амалӣ гардидааст.

Дар баробари иштирок дар маросими бошукӯҳи «Алые паруса», барои хонандагони тоҷик барномаи ғании фарҳангиву маърифатӣ пешбинӣ шудааст. Онҳо аз Осорхонаи давлатии Эрмитаж, Қалъаи таърихии Петропавловск, маҷмааи давлатии Смолний, осорхона-мамнӯъгоҳи ҷаҳонии Петергоф, инчунин аз дарёҳо ва каналҳои Санкт-Петербург ва маркази ҳарбӣ-таърихии «Ленрезерв» боздид менамоянд.

Чунин ташаббусҳои байналмилалӣ на танҳо ҷаҳонбинии ҷавононро васеъ мегардонанд, балки барои таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкориҳои фарҳангиву илмӣ миёни насли наврас аз кишварҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меоранд. Барои Тоҷикистон иштироки ҷавонони соҳибистеъдод дар чунин чорабиниҳо қисми муҳими сиёсати давлатӣ дар самти рушди сармояи инсонӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.

Акс: Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»