Конститутсияи нав ба қувваи қонунӣ даромад: Токаев оғози давраи нави Қазоқистонро эълон намуд - ИА Караван Инфо
Конститутсияи нав ба қувваи қонунӣ даромад: Токаев оғози давраи нави Қазоқистонро эълон намуд

Остона, 01 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев ба шаҳрвандон ба муносибати эътибор пайдо намудани Конститутсияи Нав муроҷиат намуда, ин рӯзро марҳилаи таърихӣ дар рушди кишвар номид.

Ба гуфтаи сарвари давлат, қонуни Асосии дар раъйпурсии умумимиллӣ қабулшуда роҳро ба ислоҳоти васеи сиесӣ ва иқтисодӣ, навсозии институтҳои давлатӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеа боз мекунад.

“Имрӯз дар Таърихи Қазоқистони соҳибихтиёр давраи нав оғоз меёбад. Мо ба роҳи рушди пешрафта, ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ меравем”, — таъкид намуд Президент.

Қасим-Жомарт Токаев қайд намуд, ки Конститутсияи нав заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ барои таҳкими ваҳдати шаҳрвандӣ, пешбурди арзишҳои Қонун ва Тартибот, меҳнатдӯстӣ, пешрафт ва масъулият дар назди наслҳои оянда хоҳад буд.

“Мо ба як монолити шикастнопазири ваҳдати умумимиллӣ муттаҳид шуда, Қазоқистони одилона — давлати имкониятҳои баробар ва рушди ҳамаҷонибаро барои ҳар як шаҳрванд бунёд хоҳем намуд”, — изҳор дошт Сарвари давлат.

Президент изҳори боварӣ намуд, ки татбиқи дигаргуниҳои пешбинишуда ба кишвар шукуфоии минбаъда ва рушди устуворро таъмин хоҳад намуд.

Аксҳо: Акорда