Ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - ИА Караван Инфо
Ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Душанбе, 01 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар оғози ҷаласа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хизматҳои шоистаи раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, ки субҳи 30 июн ҷасадаш аз дарёи Панҷ пайдо гардид, ёдовар шуда, ба хотири поси хотираи ин фарзанди содиқи Ватан як дақиқаи хомӯшӣ эълон намуданд.

Сипас, иштирокдорони ҷаласа гузориши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода роҷеъ ба Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 шуниданд.

Таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо дарназардошти нақши муҳими пахтакорӣ дар таъмини шуғли аҳолӣ, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот, инчунин ҷорӣ намудани механизмҳои таъминкунандаи рушди устувори соҳа таҳия гардидааст.

Зикр шуд, ки пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими маҷмааи агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар таъмини шуғли аҳолии деҳот, рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими иқтидори содиротии мамлакат нақши муҳим дорад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Барнома ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳа, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи он, ташкили парвариши навъҳои ватанӣ ва хориҷии пахта, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодагии кадрҳои соҳа равона гардидааст.

Баъдан Барномаи давлатии рушди кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки ҳадафҳои асосии Барнома зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пилла, таъмини шуғли аҳолӣ, рушди иқтидори содиротӣ, ҷалби сармоя ва навсозии технологияҳои коркарди пилла мебошанд. Зикр гардид, ки татбиқи Барнома аз рӯи панҷ самти асосӣ — бунёд ва рушди тутзорҳо, воридоти тухми кирмак, парвариши кирмак, истеҳсоли пилла ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр амалӣ карда мешавад.

Сипас, гузориши масъулин оид ба Барномаи давлатии рушди китобхонаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2031 шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳадафҳои асосии Барнома мусоидат ба рушди китобхонаҳои деҳот, ташаккули низоми такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва омода намудани мутахассисон, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти китобхонаҳо ба талаботи замони муосир мебошанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки Барнома бо техникаи компютерӣ таъмин намудани китобхонаҳои деҳот, пайваст намудани онҳо ба шабакаи интернет, ташкили захираи электронии китобҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии кормандони китобхонаҳо ва васеъ намудани доираи хонандагон, пеш аз ҳама тавассути ҷалби кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба мутолиаро пешбинӣ менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи самараноки барномаҳои мазкур супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҷараёни ҷаласа инчунин масъалаҳои вобаста ба Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2026, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори расмӣ», лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кристалл Грин Гласс» оид ба бунёд ва мавриди истифода қарор додани корхонаҳои истеҳсол ва ғанигардонии кварс, истеҳсоли шишаи панелӣ ва зарфҳои шишагӣ, Қоидаҳои пайваст намудани неруи барқи аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсолшуда ба низоми энергетикӣ ва фурӯши он ба истеъмолкунандагон, инчунин масъалаҳои дастгирии Фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Дар анҷоми ҷаласаи Ҳукумат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки дар асоси татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (солҳои 2027–2036)» барномаҳои мукаммал таҳия гардида, фаъолият ҷиҳати тарғиби фарҳанги сулҳ ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ тақвият дода шавад.

Ҳамчунин ба масъулин оид ба тавсеаи кишти такрорӣ дар заминҳои обёришаванда, фароҳам овардани захираи зарурии тухмӣ ва таъмини омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ супоришу дастурҳои мушаххас дода шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон