Чорабинии канории «Роҳ ба сӯи Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» дар ҳошияи Иҷлоси 62-юми Шурои ҳуқуқи инсони СММ - ИА Караван Инфо
Чорабинии канории «Роҳ ба сӯи Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» дар ҳошияи Иҷлоси 62-юми Шурои ҳуқуқи инсони СММ

Душанбе, 01 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 29 июни соли 2026 дар ҳошияи кори Иҷлоси 62-юми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар чорабинии канорӣ таҳти унвони “Роҳ ба сӯи Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои узви Шурои ҳуқуқи инсон, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва коршиносони соҳа ширкат варзиданд.

Бахусус доир ба мавзуи чорабинӣ Котиби Шурои Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Юсуф Раҳмон ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Зариф Ализода, инчунин намояндагони доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва Давлати Қатар Ҳинд Абдулраҳман Ал-Муфтаҳ суханронӣ намуданд.

Зимни чорабинии канорӣ моҳият ва аҳамияти Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ – 2027, ҳамчунин ҳадафҳо ва вазифаҳои пешбурди он, аз ҷумла масъалаҳои татбиқи чораҳо барои беҳтар кардани фаҳмиши ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, дастрасӣ ба адолат барои ҳама ва таъмини волоияти қонун муҳокима шуданд.

АКС: Намояндагии  доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ