Душанбе, 02 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҷавонони Тоҷикистон имрӯз ба яке аз неруҳои асосии пешбарандаи ташаббусҳои байналмилалии сулҳпарваронаи кишвар табдил меёбанд.

Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷавонон, варзишгарон, волонтёрон ва иштирокчиёни Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» бахшида ба ҷонибдорӣ аз Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, баргузор шуд.
Чорабинӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Исмоили Сомонӣ баргузор гардида, рамзи дастгирии ҷомеаи ҷавонон аз ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумита, намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, кормандони сохторҳои Кумита, варзишгарон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», иштирокчиёни Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон», гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волонтёрон иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии чорабинӣ ҷонибдорӣ аз ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби ғояҳои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ватандӯстӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ мебошад.

Ба ҳамоиш шиорҳои «Пешвои миллат!», «Ватан!», «Ҷавонон!», «Тоҷикистон!», «Сулҳ!» ва «Ваҳдати миллӣ!» шукуҳи хоса бахшида, фазои ҳамбастагӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстиро миёни иштирокчиён боз ҳам тақвият дод.
Иштирокчиён изҳор доштанд, ки қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» бозгӯи болоравии обрӯ ва нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, эътирофи сиёсати пайгиронаи сулҳҷӯёнаи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Ба гуфтаи онҳо, ин ташаббус имкониятҳои навро барои иштироки фаъоли ҷавонон дар таҳкими фарҳанги сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкории байналмилалӣ фароҳам месозад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки маҳз ҷавонон имрӯз ба неруи асосии татбиқи ташаббусҳои башардӯстонаи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ табдил меёбанд. Дар шароити таҳаввулоти ҷаҳонӣ иштироки ҷавонон дар пешбурди сиёсати сулҳ аҳаммияти бештар пайдо намуда, дастгирии ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишварҳои фаъол дар пешбурди дипломатияи сулҳ ва муколамаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.
Ҳамоиши мазкур бори дигар нишон дод, ки ҷавонони Тоҷикистон ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қисми муҳими рисолати шаҳрвандии худ медонанд ва омодаанд дар татбиқи ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» саҳми арзандаи худро гузоранд.
Акс: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
