Душанбе, 02 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон татбиқи сиёсати давлатии баланд бардоштани мақоми занонро ба марҳилаи сифатан нав ворид намуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақвият мебахшад.

Ин раванд на танҳо ба иҷрои самараноки Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 мусоидат мекунад, балки ҳамчун омили муҳими рушди сармояи инсонӣ ва таъмини рушди устувори кишвар арзёбӣ мегардад.
Ба ин масъалаҳо мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ барои татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030», ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Краун Плаза» баргузор гардид, бахшида шуд.
Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Иштирокчиён таъкид карданд, ки Стратегияи миллӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021 таҳти №167 тасдиқ гардидааст, имрӯз ба яке аз санадҳои калидии сиёсати давлатӣ дар самти таъмини имкониятҳои баробар табдил ёфтааст. Идомаи амалисозии он тавассути Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2026–2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2025 таҳти №694 қабул шудааст, таъмин мегардад.

Зимни муҳокимаҳо таъкид гардид, ки дастгирии пайгиронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Теъдоди занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда афзоиш ёфта, имкониятҳои таҳсил барои духтарон тавассути квотаҳои президентӣ васеъ гардидаанд. Ҳамзамон, грантҳои президентӣ ба рушди соҳибкории занон мусоидат намуда, барномаҳои омӯзишӣ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва рушди иқтидори касбии онҳо замина фароҳам меоранд.
Мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар самти сиёсати гендерӣ низ таҳким меёбад. Дар ҳамоиш ёдовар шуданд, ки 8 апрели соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдории 48 кишвари узви Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид аз шумораи умумии 54 давлат ба ҳайати Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми занон (CSW) барои солҳои 2027–2031 интихоб гардид. Ин натиҷа эътирофи байналмилалии сиёсати пайгиронаи Тоҷикистон дар самти тавсеаи имкониятҳои занон ва рушди фарогир арзёбӣ мешавад.

Коршиносон бар он назаранд, ки имрӯз баланд бардоштани нақши занон танҳо масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ё таъмини баробарии иҷтимоӣ нест. Ин раванд ба унсури муҳими сиёсати давлатии рушди устувор, такмили идоракунии давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими сармояи инсонӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ҳамкории муассири давлат, шарикони байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз шартҳои асосии муваффақияти татбиқи Стратегияи миллӣ то соли 2030 ба ҳисоб меравад.
Акс: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
