Душанбе ба маркази дипломатияи иқлимӣ табдил меёбад: шарикон роҳҳои нави маблағгузории «сабз»-ро баррасӣ карданд - ИА Караван Инфо
Душанбе ба маркази дипломатияи иқлимӣ табдил меёбад: шарикон роҳҳои нави маблағгузории «сабз»-ро баррасӣ карданд

Душанбе, 02 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун яке аз марказҳои муҳими муколамаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои иқлим пайваста таҳким мебахшад. 

Дар ҳошияи Ҷаласаи 45-уми Шӯрои Идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз (Green Climate Fund — GCF) дар шаҳри Душанбе чорабинии канории «Шоми шарикии маблағгузории иқлимӣ» баргузор гардид, ки намояндагони ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, созмонҳои рушд ва мақомоти давлатиро барои баррасии роҳҳои нави ҷалби сармоягузориҳо ба рушди устувор ба ҳам овард.

Чорабинӣ дар Боғи ботаникии шаҳри Душанбе баргузор шуда, ҳамчун фазои муколамаи ғайрирасмӣ барои идомаи мубодилаи афкор, таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва ҷустуҷӯи механизмҳои нави маблағгузории иқлим хизмат намуд.

Ҳамоишро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва директори иҷроияи Фонди Иқлими Сабз Мафалда Дуарте ифтитоҳ намуда, таъкид карданд, ки баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд дар Душанбе нишонаи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва бозгӯи омодагии шарикони байналмилалӣ барои густариши ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим мебошад.

Иштирокчиён зикр карданд, ки чунин мулоқотҳо имкон медиҳанд берун аз доираи музокироти расмӣ муносибатҳои нав барқарор гардида, таҷриба мубодила шавад ва роҳҳои муассири сафарбарсозии маблағгузории иқлим барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак муайян карда шаванд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди Иқлими Сабзро яке аз муҳимтарин механизмҳои байналмилалии маблағгузории иқлим ва шарики боэътимод дар татбиқи лоиҳаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ва иҷрои ҳадафҳои Созишномаи Париж арзёбӣ мекунад.

Зикр шуд, ки сиёсати иқлим ва рушди «сабз» имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад. Дар ин замина Саҳми миллии муайяншуда (NDC), Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023–2037 ва дигар санадҳои муҳими стратегӣ қабул ва амалӣ мешаванд, ки ба рушди устувори иқтисоди миллӣ равона гардидаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, густариши ҳамкорӣ бо Фонди Иқлими Сабз барои Тоҷикистон имкониятҳои нави ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ, таҳкими иқтидори миллӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги экологиро фароҳам меорад.

Дар шароите ки тағйирёбии иқлим ба яке аз муҳимтарин чолишҳои глобалӣ табдил ёфтааст, танҳо тавассути таҳкими шарикӣ, ҳамоҳангсозии сармоягузориҳо ва мубодилаи дониш метавон ба маблағгузории бештари иқлим ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ноил гардид.

Акс: Кумитаи тадорукоти Ҷаласаи 45-уми Шӯрои Идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз