Душанбе, 02 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Бонки ҷаҳонӣ дастгирии дарозмуддати худро аз сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» идома дода, марҳилаи дуюми маблағгузории ин лоиҳаи стратегии Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Қарори Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ оғози марҳилаи нави татбиқи бузургтарин тарҳи энергетикии кишварро ифода намуда, аҳаммияти онро барои рушди иқтисодӣ, таҳкими амнияти энергетикӣ ва ҳамгироии энергетикии Осиёи Марказӣ боз ҳам бештар менамояд.

Тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ, барои марҳилаи нав тавассути Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) грант ба маблағи 300 миллион доллари ИМА ҷудо карда мешавад. Ин маблағ барои идомаи корҳои сохтмонӣ, харид ва насби таҷҳизоти электромеханикӣ, назорати техникӣ, таъмини сифату бехатарӣ, инчунин иҷрои уҳдадориҳои экологӣ ва иҷтимоии лоиҳа равона мегардад.
Арзёбии Бонки ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки татбиқи пурраи лоиҳа имкон медиҳад зиёда аз 30 ҳазор ҷойи кори мустақим ва ғайримустақим таъсис дода шуда, зиёда аз 10 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо неруи барқи боэътимод таъмин гарданд. Ҳамзамон истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт.
Пас аз пурра ба истифода дода шудани неругоҳ, НБО «Роғун» ҳамасола тақрибан 14,4 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол мекунад, ки ба ҳудуди 60 фоизи ҳаҷми кунунии истеҳсоли неруи барқи Тоҷикистон баробар аст. Ин имкон медиҳад, ки норасоии мавсимии неруи барқ, бахусус дар фасли зимистон, ба таври назаррас коҳиш ёбад.
Бонки ҷаҳонӣ «Роғун»-ро на танҳо як иншооти энергетикӣ, балки омили тағйироти сохтории иқтисоди миллӣ арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Наҷӣ Бенҳассин, таъмини дастрасии васеъ ба неруи барқи боэътимод барои рушди саноат, ҷалби сармоягузорӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор замина фароҳам меорад.
Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба зерсохтор дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Чарлз Кормйе низ таъкид намуд, ки ба истифода додани НБО «Роғун» барои эҳёи бозори минтақавии неруи барқ ва таҳкими ҳамгироии энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард. Инчунин имкониятҳои нави содироти неруи барқ ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон фароҳам меоянд.
Дар доираи маблағгузорӣ ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва экологӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешавад. Аз ҷумла, маблағҳо барои кӯчонидани оилаҳои аз лоиҳа таъсирдида, барқарор намудани манбаъҳои даромади онҳо, такмили низоми мониторинги обанбор, пешгӯии селу обхезиҳо ва коҳиши хавф барои маҳалҳои аҳолинишини поёноби дарё истифода хоҳанд шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин уҳдадор шудааст, ки Барномаи тақсими манфиатҳоро амалӣ намояд, ки тибқи он қисми даромадҳои ояндаи НБО «Роғун» барои маблағгузории барномаҳои иҷтимоӣ, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва таҳкими низоми миллии ҳифзи иҷтимоӣ равона карда мешаванд.
Бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ ҳамоҳангсози Гурӯҳи байналмилалии шарикони рушд оид ба НБО «Роғун» боқӣ мемонад, ки ба ҳайати он Бонки рушди Осиё, Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ, Бонки сармоягузории Аврупо, Бонки исломии рушд, Комиссияи Аврупо ва як қатор фондҳои рушди кишварҳои Ховари Миёна шомиланд.
Ба андешаи коршиносон, қарори нави Бонки ҷаҳонӣ аз доираи як созишномаи навбатии молиявӣ фаротар рафта, эътимоди ҷомеаи байналмилалиро ба бузургтарин лоиҳаи зерсохтории Тоҷикистон боз ҳам таҳким мебахшад. Дар дурнамои дарозмуддат НБО «Роғун» метавонад ба пояи амнияти энергетикии кишвар, суръатбахши саноатикунонӣ, манбаи рушди иқтисоди «сабз» ва яке аз унсурҳои асосии бозори минтақавии неруи барқи барқароршаванда дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Акс: Бонки ҷаҳонӣ / ҶСК «НБО Роғун».
