Остона, 29 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Ба ифтихори Рӯзи кормандони воситаҳои ахбори омма (ВАО) бо иштироки журналистони қазоқистонӣ ва хориҷӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷӣ Ермек Кошербаев ба намояндагони ҷомеаи ВАО барои касбият ва саҳмгузорӣ дар дастгирии иттилоотии курси сиёсати хориҷии кишвар изҳори сипос намуд. Вай қайд намуд, ки кори рӯзноманигорон симои Қазоқистонро ҳамчун давлати босуръат рушдёбанда, сулҳпарвар ва бонуфуз ташаккул медиҳад.
Кошербаев таъкид намуд, ки ВАО дар иттилоъдиҳии ҷомеа, ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва рӯшан намудани ташаббусҳои байналмилалӣ ва афзалиятҳои сиёсати хориҷии Қазоқистон нақши калидӣ доранд.
Меҳмони фахрии чорабинӣ муовини аввали вазири фарҳанг ва иттилоот Канат Искаков буд.
Як қатор намояндагони ВАО-и Қазоқистон ва хориҷӣ барои саҳмгузорӣ дар равшан намудани сиёсати хориҷии кишвар номаҳои сипоси вазирро гирифтанд.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ
