Остона, 2 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев президенти федератсияи Байналмилалии гимнастика (Fig – International Gymnastics Federation) Моринари Ватанабэ ва раиси иттиҳоди гимнастикаи Осиё (AGU – Asian Gymnastics Union) Абдулраҳмон Ал-Шатриро қабул намуд. Ҷонибҳо рушди намудҳои варзиши гимнастикаро дар кишвар баррасӣ намуданд.

Сарвари давлат ба федератсия барои дастгирии гимнастикаи Қазоқистон ташаккур гуфт. Вай қайд намуд, ки ин намуди варзиш дар байни кӯдакон ва ҷавонон торафт маъмултар мешавад. Дар кишвар се маҷмааи махсус барои дастаи мунтахаб фаъолият мекунад ва дар Алмаато бузургтарин маркази гимнастикаи Осиёи Марказӣ сохта мешавад. Токаев омодагии Қазоқистонро ба ташаббусҳои муштарак ва баргузории мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ тасдиқ намуд.
Меҳмонон таваҷҷӯҳи роҳбарияти кишварро ба варзиш ва муваффақиятҳои варзишгарони қазоқистонӣ дар арсаи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Аксҳо: Акорда
