Душанбе, 03 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии бисёрсамтаи худро идома дода, ҳамкориҳоро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ густариш медиҳад.

Силсилаи мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Вашингтон бо намояндагони Конгресси ИМА ва доираҳои бонуфузи илмии Амрико боз як далели таҳкими ин раванд маҳсуб мешавад.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 30 июн Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси Кумитаи корҳои хориҷии Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Брайан Маст ва як қатор аъзои Конгресс мулоқот анҷом дод.
Зимни музокирот дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Амрико, густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими муколамаи мунтазами сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ба нақши Конгресси ИМА дар пешбурди ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, амният, тандурустӣ ва маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Яке аз масъалаҳои муҳими рӯзнома бекор намудани амалкарди ислоҳи Ҷексон—Вэник нисбат ба Тоҷикистон буд. Тоҷикистон пайваста ҷонибдори бекорсозии ниҳоии ин меъёри ҳуқуқии боқимонда аз давраи Ҷанги сард мебошад, ки дар шароити имрӯза аҳамияти амалии худро аз даст додааст. Ба андешаи коршиносон, бекор гардидани он метавонад барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузориҳои амрикоӣ ба бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ заминаи нав фароҳам оварад.

Дар ҳамин рӯз Сироҷиддин Муҳриддин бо асосгузори Институти Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, муҳаққиқи маъруфи амрикоӣ профессор Фредерик Старр мулоқот намуд. Дар рафти суҳбат вазири корҳои хориҷӣ ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангии минтақа муаррифӣ карда, аз ҷумла оид ба таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе маълумот дод.
Ба андешаи таҳлилгарон, бахши илмӣ ва гуманитарии ин сафар аҳамияти стратегии хос дорад. Ҳамкорӣ бо марказҳои пешрафтаи академии Иёлоти Муттаҳида ба рушди дипломатияи илмӣ, тавсеаи таҳқиқоти байналмилалӣ оид ба таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ ва таҳкими робитаҳои зеҳнии дарозмуддат мусоидат мекунад.
Дар шароити тағйирёбии низоми геосиёсии ҷаҳон ва афзоиши таваҷҷуҳи қудратҳои ҷаҳонӣ ба Осиёи Марказӣ, густариши муколамаи Тоҷикистон бо доираҳои сиёсӣ ва илмии ИМА аҳамияти бештар пайдо мекунад. Тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва пешбурди ташаббусҳои фарҳангиву тамаддунӣ ба таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон ва нақши он ҳамчун шарики боэътимод дар минтақа мусоидат менамояд.
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
