Душанбе, 04 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Лоиҳаи бунёди нахустин метро дар шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави амалии татбиқ ворид мегардад.

Дар натиҷаи ҳамкории муштараки мутахассисони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея омодасозии асосноккунии пешакии техникӣ-иқтисодии самти дуюми хатти ояндаи метро — аз хиёбони Саъдии Шерозӣ (Сирки давлатӣ) то Дарвозаи шарқии пойтахт — ба анҷом расид. Натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомшуда 1 июл дар шаҳри Душанбе муаррифӣ ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар таҳияи ҳисоботи мазкур мутахассисони корпоратсияи Korea National Railway (KNR), ширкатҳои Cheil Engineering, DMEC Engineering ва Донишгоҳи Сеули Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд. Коршиносон ҷанбаҳои муҳандисӣ, иқтисодӣ, нақлиётӣ ва шаҳрсозии лоиҳаро ҳамаҷониба таҳлил намуда, имконияти техникии бунёди метрои зеризаминиро дар пойтахти Тоҷикистон мусбат арзёбӣ карданд.
Интихоби маҳз ҳамин самт ба омилҳои воқеии нақлиётӣ асос ёфтааст. Ба иттилои мутахассисон, масири байни хиёбони Саъдии Шерозӣ ва Дарвозаи шарқии пойтахт аз лиҳози ҳаҷми интиқоли мусофирон, талабот ба нақлиёти ҷамъиятӣ ва сатҳи баланди сербории ҳаракати воситаҳои нақлиёт яке аз пурбортарин роҳҳои шаҳр ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, сохтмони низоми муосири нақлиёти роҳи оҳани шаҳрӣ метавонад ба яке аз роҳҳои муассири коҳиши танбашавии нақлиёт ва беҳтарсозии инфрасохтори шаҳр табдил ёбад.
Ин марҳила идомаи ҳамкориҳое мебошад, ки соли 2024 оғоз гардида буданд. Он вақт ширкати давлатии Korea National Railway асосноккунии пешакии техникӣ-иқтисодии қитъаи аввали метро — аз Дарвозаи ҷанубии Душанбе то хиёбони Саъдии Шерозиро таҳия намуд. Ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки таҳияи асосноккунии пурраи техникӣ-иқтисодӣ ва корҳои лоиҳакашии ин қитъа дар солҳои 2026–2028 ба анҷом расонида шавад.
Рафти татбиқи лоиҳа ҳамчунин зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии директори иҷроияи Департаменти ҳамкориҳои байналмилалии Korea National Railway Юн Ҳак Сун баррасӣ гардид. Ҷонибҳо омодагии худро барои суръат бахшидан ба корҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва гузариш ба марҳилаҳои минбаъдаи тарҳрезии метрои ояндаи Душанбе тасдиқ намуданд.
Ғайр аз лоиҳаи метро, Ҷумҳурии Корея дар бахши нақлиёти Тоҷикистон татбиқи боз чор лоиҳаи муштаракро дастгирӣ мекунад, ки сетои онҳо дар марҳилаи ҷамъбаст қарор доранд. Ин раванд аз таҳкими ҳамкории стратегии Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея дар самти рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва пешбурди рушди устувори шаҳрӣ шаҳодат медиҳад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки сохтмони метро метавонад ба яке аз бузургтарин лоиҳаҳои инфрасохтории Душанбеи муосир табдил ёфта, сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятиро беҳтар созад, сарбории роҳҳоро коҳиш диҳад, таъсири экологиро ба муҳити шаҳр паст намояд ва барои рушди минбаъдаи низоми нақлиёти пойтахт заминаи устувор фароҳам оварад.
Ёдовар мешавем, ки Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати давлатии Korea National Railway 1 июли соли 2024 ба имзо расида буд. Ширкати KNR оператори миллии инфрасохтори роҳи оҳани Ҷумҳурии Корея буда, барои сохтмон, рушд ва истифодаи шабакаи роҳи оҳани ин кишвар масъул мебошад.
Акс: АИ «Авесто»
