Минтақаҳо фарҳанги худро дар Душанбе муаррифӣ мекунанд: пойтахт мизбони навбатии Рӯзҳои фарҳанг бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мегардад - ИА Караван Инфо
Минтақаҳо фарҳанги худро дар Душанбе муаррифӣ мекунанд: пойтахт мизбони навбатии Рӯзҳои фарҳанг бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мегардад

Душанбе, 04 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Душанбе дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам ба маркази асосии чорабиниҳои фарҳангии кишвар табдил меёбад.

4 ва 5 июл дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт баргузор гардида, сокинону меҳмонони пойтахтро бо дастовардҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ин минтақаҳо ошно месозанд.

Тавре Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 4 июл дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ашт, дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Вахш ва дар боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор мешавад.

5 июл бошад, боғи «Ирам» мизбони Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол хоҳад гардид.

Дар доираи чорабиниҳо барои меҳмонон барномаи рангоранги фарҳангӣ ва намоишгоҳҳои гуногун омода шудааст. Иштирокчиён метавонанд бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намунаҳои санъати амалӣ ва таомҳои миллии онҳо аз наздик шинос шаванд.

Ба фазои идона ҳунармандони халқӣ, ансамблҳои эҷодӣ ва гурӯҳҳои ҳунарии минтақаҳо ҳусни тоза мебахшанд. Сурудҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ, оҳангҳои суннатӣ ва саҳнаҳои театрӣ рангорангии фарҳанги тоҷикро боз ҳам бештар муаррифӣ хоҳанд кард.

Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ба яке аз муҳимтарин ташаббусҳои фарҳангии барномаи ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табдил ёфтаанд. Аз 6 июни соли ҷорӣ ин гуна чорабиниҳо ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар Душанбе баргузор шуда, барои муаррифии имкониятҳо ва мероси фарҳангии минтақаҳои мамлакат, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши ваҳдати миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ин ташаббуси бузурги фарҳангӣ мутобиқи Нақшаи баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ, фестивалҳо, намоишгоҳҳо, озмунҳо ва барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, амалӣ гардида, то моҳи август идома хоҳад ёфт. Ҳадафи асосии он ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ дар партави ҷашни Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Акс: НИАТ «Ховар»