Аз боғҳои мева то қалъаи бостонӣ: ҳайати Қатар бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии шаҳри Ҳисор шинос шуд - ИА Караван Инфо
Аз боғҳои мева то қалъаи бостонӣ: ҳайати Қатар бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии шаҳри Ҳисор шинос шуд

Душанбе, 06 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Сафари ҳайати Давлати Қатар таҳти роҳбарии раиси Кумитаи миллии ҳуқуқи инсони ин кишвар, доктор Марям бинти Абдулло Ал-Атийя, ба шаҳри Ҳисор на танҳо идомаи муколамаи дуҷониба, балки имконияти муаррифии иқтидори кишоварзӣ, таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии яке аз қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон гардид.

3 июл меҳмонони олиқадрро дар даромадгоҳи шаҳри Ҳисор Раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода истиқбол намуда, онҳоро ба сарзамини бостонии Ҳисор хайрамақдам гуфт.

Дар доираи сафар намояндагони Қатар аз боғҳои мева ва токзорҳои шаҳр боздид намуда, бо парвариши навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзии маҳаллӣ, аз ҷумла зардолу, шафтолу, олу, гелос, ангур, анҷир ва полезиҳо шинос шуданд. Меҳмонон ба фаровонӣ, сифати баланд ва таъми нотакрори меваҳои тоҷикӣ баҳои баланд дода, шароити мусоиди табиии минтақа барои рушди боғдориро махсус таъкид карданд.

Зимни боздид зикр гардид, ки рушди соҳаи боғдорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол майдони боғҳои интенсивӣ васеъ гардида, ҳаҷми истеҳсол ва содироти меваю сабзавоти ватанӣ афзоиш меёбад ва маҳсулоти Тоҷикистон дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷойгоҳи устувор пайдо мекунад.

Қисмати муҳими барномаи сафар боздид аз ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҳисор буд. Ҳайат аз Қалъаи Ҳисор, осорхона ва дигар мавзеъҳои таърихӣ дидан намуда, бо таърихи ҳазорсолаи шаҳр, фарҳанги ғанӣ ва мероси тамаддунии халқи тоҷик аз наздик ошно гардид.

Меҳмонон инчунин аз корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Ҳисор изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар баён карданд.

Дар анҷоми боздид дар тарабхонаи «Шаршара» ба ифтихори меҳмонон зиёфати расмӣ баргузор гардид. Ба меҳмонон беҳтарин намунаҳои таомҳои миллии тоҷикӣ, меваҳои тару тоза ва маҳсулоти маҳаллӣ пешниҳод карда шуданд. Ҳамзамон, ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо иҷрои сурудҳои миллӣ ва барномаи ҷолиби консертӣ фазои гарму дӯстона ва меҳмоннавозии тоҷиконро муаррифӣ намуданд.

Бо изҳори сипос ба роҳбарияти шаҳри Ҳисор барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозии гарму самимона, аъзои ҳайати Давлати Қатар бо таассуроти нек ба шаҳри Душанбе баргашта, ҳавасмандии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои башардӯстона ва муносибатҳои байнидавлатӣ бори дигар тасдиқ намуданд.

Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор