Душанбе, 06 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон роҳпаймоии ҷавонон дар доираи ҳамоиши минтақавӣ таҳти унвони «Пешвои сулҳпарвар дар таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» баргузор шуд. Чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои кор бо ҷавонон ва сокинони фаъоли ноҳияро гирди арзишҳои сулҳ, ваҳдати миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ муттаҳид намуд.

Ҳамоиш тибқи нақшаи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баргузор гардида, ба таҳкими тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон ва густариши фарҳанги созандагӣ равона шудааст.
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар роҳпаймоӣ раиси ноҳия, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб, намояндагони ташкилотҳои ҷавонон ва сокинони фаъоли ноҳия иштирок намуданд. Иштирокчиён бо шиору овезаҳои тарғиботӣ аз кӯчаҳои марказии ноҳия гузашта, шаҳрвандонро ба эҳтироми арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар, ҳифзи ваҳдати миллӣ, риояи тозагӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии муҳити зист даъват карданд.

Чунин ташаббусҳо таҷассумгари сиёсати пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташаккули ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ буда, ба тарбияи насли ҷавони дорои маърифати баланд, масъулияти иҷтимоӣ ва рӯҳияи созанда мусоидат менамоянд. Ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи рушди устувори кишвар дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат нақши калидӣ доранд.
Ба таъкиди иштирокчиён, роҳпаймоӣ на танҳо рамзи ҷонибдорӣ аз сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, балки нишонаи пуштибонӣ аз ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариши фарҳанги сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда мебошад.
Акс: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
