Токаев Қазоқистониёнро бо Рӯзи пойтахт ва эътибор пайдо намудани Конститутсияи нав табрик гуфт - ИА Караван Инфо
Токаев Қазоқистониёнро бо Рӯзи пойтахт ва эътибор пайдо намудани Конститутсияи нав табрик гуфт

Остона, 6 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Қазоқистон Рӯзи пойтахтро ҷашн мегиранд. Президент Қасим-Жомарт Токаев ҳамватанони худро табрик гуфт ва Остонаро рамзи истиқлолият ва маркази нерӯи созандаи миллат номид.

Сарвари давлат қайд намуданд, ки дар пойтахт қарорҳои тақдирсоз қабул намуда мешаванд. Вай таъкид намуд, ки Остона ба “шаҳри оқил” бо системаҳои нави идоракунӣ табдил ёфтааст, дар ин ҷо боғҳо, гулгаштҳо ва майдончаҳои кӯдакона пайдо шудаанд.

Токаев ба рамзӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд, ки дар арафаи рӯзи пойтахт Конститутсияи халқӣ ба иҷро даромад, ки дар таърихи давлат саҳифаи нав кушод. Ба гуфтаи ӯ, қонуни Нави Конститутсионӣ дар бораи мақоми пойтахт нақши пешбари Остонаро ҳамчун маркази сиёсӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар тақвият дод. Вай афзуд, ки эътибори байналмилалии шаҳр мустаҳкам мешавад ва Остона бояд намунаи таҷассум ёфтани ахлоқи нави ҷамъиятӣ дар асоси принсипҳои шаҳрвандии масъул, «Қонун ва Тартибот» ва «Таза Қазақстан» (дар тарҷума аз қазоқӣ Қазоқистони Пок) бошад.

Президент изҳори боварӣ намуд, ки пойтахт дар пешрафти сохтмони Қазоқистони Одилона рушд хоҳад намуд. Ӯ ба сокинони Остона некӯаҳволӣ ва муваффақият орзу намуд.

Аксҳо: Акорда