Душанбе, 07 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон марҳилаи амалии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, оғоз ёфт. Имрӯз нахустин гурӯҳи маҳкумшудагон — 2 ҳазору 979 нафар аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озод карда шуданд, ки оғози яке аз бузургтарин иқдомҳои башардӯстона ва ҳуқуқии солҳои охир маҳсуб меёбад.

Тавре ба АИ «Корвон Иттилоот» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, озод намудани маҳкумшудагон дар доираи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки пас аз қабул ва ба имзо расидан мавриди амал қарор гирифт, сурат гирифт.
Дар марҳилаи аввал авф нисбат ба маҳкумшудагони муассисаҳои ислоҳии шаҳрҳои Норак ва Ваҳдат, инчунин ноҳияҳои Ёвон ва Дӯстӣ татбиқ гардид. Аз шумораи умумии озодшудагон 297 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки ин аз таваҷҷуҳи махсуси давлат ба ҳифзи манфиатҳои гурӯҳҳои иҷтимоии осебпазир шаҳодат медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи ваколатҳои конститутсионии худ ва ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Санад баъди қабул аз ҷониби парлумон ба имзо расида, мавриди амал қарор гирифт.
Қабули ин қонун идомаи сиёсати башардӯстонаи роҳбарияти давлат ба ҳисоб рафта, барои шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, имконияти бозгашт ба ҳаёти осоишта, пайвастан ба оила, ислоҳи рафтор ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеаро фароҳам меорад. Аз ин нигоҳ, авф танҳо як тадбири ҳуқуқӣ набуда, балки воситаи муҳими таҳкими суботи иҷтимоӣ, ҳифзи арзишҳои инсондӯстона ва мусоидат ба бозҳамгироии маҳкумшудагон ба ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Тибқи муқаррароти қонун, амали он ба 18 ҳазору 38 нафар маҳкумшуда татбиқ мешавад. Аз ин шумора 11 ҳазору 305 нафар аз адои минбаъдаи ҷазо пурра озод мегарданд. Ин гурӯҳ шахсонеро дар бар мегирад, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ, муассисаҳои сукунатӣ ва инчунин шахсони маҳкумшуда ба ҷазоҳои ғайри маҳрум сохтан аз озодӣ қарор доранд.
Барои 6 ҳазору 733 нафар бошад, муҳлати қисми адонашудаи ҷазо кам карда мешавад.
Қонун инчунин барои занон ва ноболиғон имтиёзҳои иловагӣ пешбинӣ кардааст, ки ин ба меъёрҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ва сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат мекунад.
Аз ҷумла, аз 507 нафар занони маҳкумшуда, 248 нафар аз адои минбаъдаи ҷазо пурра озод гардида, барои 259 нафари дигар муҳлати ҷазо коҳиш дода мешавад.
Ҳамчунин нисбат ба ноболиғон низ чунин тартиб амал мекунад. Аз 134 нафар маҳкумшудагони ноболиғ, 99 нафар пурра озод шуда, барои 35 нафари дигар муҳлати қисми боқимондаи ҷазо кам карда мешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» на танҳо ба шахсони аллакай маҳкумшуда, балки ба онҳое низ татбиқ мегардад, ки парвандаҳои ҷиноятии онҳо ҳоло дар баррасии мақомоти судӣ, мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ қарор доранд. Ин имконият медиҳад, ки принсипҳои башардӯстонаи қонун нисбат ба ҳамаи гурӯҳҳои пешбинишуда ба таври ягона татбиқ карда шаванд.
Тавре дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия таъкид намуданд, татбиқи қонун марҳила ба марҳила анҷом дода мешавад. Бо анҷоми расмиёти ҳуқуқии зарурӣ озод намудани дигар гурӯҳҳои шаҳрвандоне, ки таҳти амали қонун қарор доранд, идома хоҳад ёфт.
Оғози татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» яке аз муҳимтарин иқдомҳои давлатӣ дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бозгӯи сиёсати пайгиронаи давлат дар самти татбиқи принсипҳои қонуният, инсондӯстӣ ва масъулияти иҷтимоӣ мебошад.
Акс: Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
