Низоми «Антифрод» беш аз 363 ҳазор занги шубҳаноки байналмилалиро дар Тоҷикистон масдуд кард - ИА Караван Инфо
Низоми «Антифрод» беш аз 363 ҳазор занги шубҳаноки байналмилалиро дар Тоҷикистон масдуд кард

Душанбе, 09 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон тадбирҳои ҳифзи фазои рақамӣ ва мубориза бо қаллобии телефонӣро тақвият мебахшад. Дар ду моҳи аввали фаъолияти низоми миллии «Антифрод», ки аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардидааст, беш аз 363 ҳазор занги байналмилалии воридотии шубҳанок масдуд карда шуда, аз эҳтимоли қаллобии телефонӣ пешгирӣ гардид.

Дар ин бора 8 июл зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Саъдулло хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, низом зангҳои байналмилалиро ба таври худкор аз рӯи нишонаҳои ивазкунии рақам (spoofing) таҳлил мекунад. Ин усул яке аз роҳҳои маъмултарини пинҳон намудани рақами воқеии зангзананда аз ҷониби қаллобон ба ҳисоб меравад. Барномаи мазкур бо иштироки мутахассисони ҶСК «Тоҷиктелеком» таҳия шуда, имрӯз ҳамаи операторони мобилии кишвар ба он пайваст гардидаанд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аз 1 май то 1 июли соли 2026 низом 436 ҳазору 909 занги байналмилалии воридотиро санҷид. Аз ин шумора 363 ҳазору 78 занг, ё 83,1 фоиз, ҳамчун зангҳои эҳтимолан хатарнок муайян шуда, масдуд гардиданд. Ҳамзамон 73 ҳазору 831 занг бехатар арзёбӣ шуда, барои пайвастшавӣ иҷозат дода шуд.

Дар Хадамоти алоқа таъкид намуданд, ки ҷорӣ намудани низоми «Антифрод» қадами муҳими таҳкими амнияти киберӣ дар соҳаи телекоммуникатсия мебошад. Истифодаи алгоритмҳои муосир имкон медиҳад, ки кӯшишҳои иваз намудани рақамҳои телефонӣ сари вақт ошкор гардида, хатари қаллобӣ коҳиш ёбад ва сатҳи эътимоди шаҳрвандон ба хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ боло равад.

Коршиносон бар он назаранд, ки такмили минбаъдаи низом самаранокии мубориза бо қаллобии телефонӣ ва ҳифзи истифодабарандагони шабакаҳои алоқаи муосирро боз ҳам бештар таъмин хоҳад кард.

Акс: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон