Душанбе, 09 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2026 татбиқи ислоҳотро дар самти навсозии инфрасохтори тиббӣ, рақамикунонии соҳа, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва густариши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ идома дод. Дар ин бора 8 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ таъкид намуд, ки фаъолияти соҳа дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Яке аз рӯйдодҳои муҳими давраи ҳисоботӣ таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб мебошад, ки барои рушди илми тиб ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳамияти махсус дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки Сарвари давлат бинои иловагии Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ, таваллудхона дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ва Маркази ташхисию табобатии «Нейромед» дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамзамон татбиқи Харитаи роҳ оид ба рақамикунонии соҳаи тандурустӣ идома дорад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба соҳа 40 навгонӣ, аз ҷумла 4 усули нави ташхис ва 36 усули нави табобат ворид карда шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҷумҳурӣ 121 ҳазору 810 кӯдак ба дунё омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 137 нафар зиёд мебошад. Дар натиҷаи тадбирҳои пешгирикунанда ҳолатҳои бемориҳои махсусан хавфнок, аз ҷумла вабо, тоун, домана, фалаҷ, ҳорӣ ва лептоспироз ба қайд гирифта нашуданд.

Айни ҳол дар муассисаҳои тандурустии кишвар 22 ҳазору 763 табиб ва 65 ҳазору 496 корманди миёнаи тиб фаъолият мекунанд. Дар ин давра муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ба маблағи 36,8 миллион сомонӣ таъмин гардиданд.
Ҳамчунин Барномаи рушди саноати фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 қабул гардида, барои рушди истеҳсоли дорувории ватанӣ заминаи нав фароҳам овард.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 46 муассисаи тандурустӣ сохта шуда, сохтмони боз 95 муассиса идома дорад. Илова бар ин, 61 муассиса пурра таъмир гардида, дар 125 иншооти дигар корҳои таъмиру навсозӣ идома доранд.

Дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ба 445 ҳазору 947 нафар шаҳрвандони ниёзманд хизматрасонӣ ва кумакҳои иҷтимоӣ расонида шуд. Ҳаҷми маблағгузории кумакпулии унвонии иҷтимоӣ аз 120,3 миллион сомонӣ зиёд буда, аз идомаи сиёсати иҷтимоии давлат дар самти дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ шаҳодат медиҳад.
Акс: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
