Душанбе, 09 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон раванди такмили сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта идома дорад.

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 8 июл — Рӯзи маъюбон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои соҳавӣ масъалаҳои таъмини имкониятҳои баробар ва беҳтар намудани сифати зиндагии ин қишри ҷомеаро баррасӣ намуданд.
Дар чорабинӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Хайруллозода, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Эри Двиведи, намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Ҳабибулло Хайруллозода зимни ифтитоҳи мизи мудаввар иброз дошт, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, №753 ҳамасола 8 июл дар кишвар Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад.
Ҳадафи асосии ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои шаҳрвандӣ ба масъалаҳои маъюбият ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии шоистаи шахсони маъюбиятдошта мебошад.

Тибқи маълумоти омории расмӣ, то 1 июли соли 2026 шумораи шахсони дорои маъюбият дар кишвар 172 ҳазору 394 нафарро ташкил медиҳад. Таъмини ҳуқуқ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои зарурӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон ва ҳифзи иҷтимоиро эътироф намуда, барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд.
22 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расониданд. Барои татбиқи муқаррароти он Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагӣ ба тасвиби Конвенсия ва Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» қабул гардиданд.
Соли 2026 иҷрои Нақшаи миллии амалҳо ҷамъбаст шуда, як қатор чорабиниҳо барои таъмини дастрасии шахсони маъюбиятдошта ба таҳсилот, меҳнат, хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ амалӣ шуданд.

Марҳилаи муҳими рушди заминаи ҳуқуқӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №2278 «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта» аз 17 июни соли 2026 гардид.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки минбаъд низ барои таҳкими кафолатҳои иҷтимоӣ, васеъ намудани имкониятҳои иштироки пурраи шахсони маъюбиятдошта дар ҳаёти ҷомеа ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ хоҳанд шуд.
Акс: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
