Душанбе, 10 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми нави ворид намудани неруи аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсолшавандаро ба низоми ягонаи энергетикии кишвар тасдиқ намуд, ки он бояд рушди энергетикаи офтобӣ, неругоҳҳои хурди барқӣ ва дигар навъҳои истеҳсоли «энергияи сабз»-ро осон гардонад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №449 аз 1 июл Қоидаҳои воридшавии неруи барқ, ки аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешавад, ба низоми энергетикӣ ва фурӯши он ба истеъмолкунандагон тасдиқ гардиданд.
Тавре Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, санади мазкур тартиби пайваст намудани объектҳои энергетикаи барқароршаванда ба шабакаҳои барқӣ, механизмҳои баҳисобгирии неруи истеҳсолшуда ва қоидаҳои ҳисоббаробаркуниро миёни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон муайян мекунад.
Қабули ҳуҷҷати нав марҳилаи муҳими сиёсати энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад, ки ба васеъ намудани истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии низоми энергетикӣ ва ҷалби иштирокчиёни нав ба соҳа равона шудааст.
Яке аз навовариҳои асосӣ ҷорӣ гардидани мафҳуми «истеъмолкунандаи фаъол» мебошад. Акнун шаҳрвандон ва ташкилотҳое, ки неруи барқро асосан барои эҳтиёҷоти худ истифода мебаранд, вале дар объектҳои худ таҷҳизоти истеҳсоли энергияи барқароршаванда доранд, метавонанд неруи зиёдатии истеҳсолшударо ба шабака интиқол диҳанд.
Мувофиқи қоидаҳои нав, объектҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба чор гурӯҳ тақсим мешаванд: дастгоҳҳои хурд то 15 кВт, дастгоҳҳои хурд аз 15 то 100 кВт, объектҳои миёна аз 100 кВт то 1 МВт ва объектҳои калон бо иқтидори зиёда аз 1 МВт.
Ба пайвастшавии дастгоҳҳои хурди офтобӣ барои аҳолӣ ва соҳибкории хурд таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Барои объектҳои то 15 кВт тартиби содакардашуда пешбинӣ гардида, баррасии дархост бояд на бештар аз 10 рӯзи кориро дар бар гирад.
Агар панелҳои офтобӣ танҳо барои эҳтиёҷоти худ истифода шуда, барқро ба шабака барнагардонанд, соҳиби дастгоҳ танҳо бояд ташкилоти шабакавиро огоҳ созад. Дар сурати интиқоли неруи зиёдатӣ ба шабака гирифтани шартҳои техникӣ зарур мегардад.
Ҳамзамон барои дастгоҳҳои то 15 кВт мувофиқаи алоҳидаи лоиҳа бо мақомоти назорати энергетикӣ талаб карда намешавад, агар қонунгузорӣ тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими ислоҳот механизми дастгирии молиявии истеъмолкунандагони фаъол мебошад. Пайваст намудани объектҳои маишӣ ва тиҷоратӣ бо иқтидори то 15 кВт дар сурати мавҷуд будани имконияти техникӣ ва иқтисодӣ ройгон анҷом дода мешавад. Насб ва ба истифода додани ҳисобкунаки дуҷониба низ аз ҷониби ташкилоти таъминоти барқ таъмин карда мешавад.
Қоидаҳои нав низоми баҳисобгирии холис (нетто-биллинг)-ро ҷорӣ менамоянд, ки тавассути он ҳисобкунаки дуҷониба ҳаҷми неруи аз шабака гирифташуда ва ҳаҷми неруи ба шабака баргардонидашударо алоҳида муайян мекунад.
Давраи ҳисоббаробаркунӣ як моҳ муқаррар шудааст. Агар истеъмолкунанда аз шабака бештар неру гирифта бошад, нисбат ба ҳаҷми интиқолдодааш фарқиятро тибқи тариф пардохт мекунад. Агар бошад, ки неруи ба шабака додашуда аз истеъмол зиёдтар бошад, ҳаҷми изофӣ ба моҳи оянда ҳамчун қарзи энергетикӣ гузаронида мешавад.
Ин механизм ба соҳибони дастгоҳҳои офтобӣ имкон медиҳад, ки истифодаи неруи истеҳсолкардаи худро самараноктар ба роҳ монда, хароҷоти барқро коҳиш диҳанд.
Ҳамчунин қоидаҳо имконияти ҷорӣ намудани тарифи ҳавасмандкунанда барои хариди неруи изофиро пешбинӣ мекунанд. Дар ин ҳолат неруи ба шабака интиқолдодашуда ҳар моҳ ба ҳисоб гирифта шуда, маблағи он аз ҷониби харидори ягона ё ташкилоти таъминоти барқ пардохт карда мешавад.

Барои объектҳои хурд, миёна ва калон механизми ҳисоббаробаркунии тиҷоратӣ тибқи шартнома пешбинӣ шудааст. Истеҳсолкунандагон бояд ҳар моҳ маълумот оид ба ҳаҷми истеҳсоли неруро пешниҳод намоянд.
Неругоҳҳои калони офтобӣ ва бодӣ метавонанд тавассути озмунҳо интихоб шаванд. Бо ғолибони чунин озмунҳо шартномаҳои дарозмуддати хариди неруи барқ ба муҳлати на камтар аз 15 сол баста мешаванд.
Ҳамзамон қоидаҳои нав талаботро ба устувории низоми энергетикӣ тақвият медиҳанд. Объектҳои миёна ва калони ВИЭ бояд таҳти назорати хадамоти диспетчерӣ фаъолият кунанд.
Истеҳсолкунандагон уҳдадоранд фармонҳои диспетчериро оид ба тағйири низоми кор, фаъол ё қатъ намудани таҷҳизот ва маҳдуд кардани истеҳсоли неру иҷро намоянд.
Ширкатҳои шабакавӣ бояд дастрасии баробар ба шабакаҳои барқиро таъмин намуда, имконияти қабули неру аз объектҳои ВИЭ-ро фароҳам созанд, маълумот дар бораи иқтидорҳои озодро нашр намоянд ва раванди пайвастшавиро шаффоф ба роҳ монанд.
Соҳибони объектҳои энергетикаи барқароршаванда барои ҳолати техникии таҷҳизот, бехатарии истифода, дурустии баҳисобгирии неруи истеҳсолшуда ва риояи талаботи экологӣ масъул хоҳанд буд.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки қабули қоидаҳои нав заминаи институтсионалии рушди энергетикаи тақсимшуда дар Тоҷикистонро фароҳам меорад. Дар шароити афзоиши талабот ба неруи барқ ва татбиқи барномаҳои рушди иқтисоди «сабз» ҷалби истеҳсолкунандагони хусусӣ метавонад ба устувории низоми энергетикии кишвар мусоидат намояд.
Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки дар давоми шаш моҳ санадҳои соҳавӣ ва таҷрибаи кориро ба талаботи нави муқарраршуда мутобиқ намоянд.
Акс: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
