Душанбе, 10 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар XXI Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои оилавии «Дар доираи оила» (В кругу семьи), ки дар шаҳри Ярославли Федератсияи Россия баргузор шуд, бо ду ҷоиза ва як диплом қадрдонӣ гардид.

Ин муваффақият на танҳо дастоварди ҳайати эҷодӣ, балки боз як қадами муҳим дар муаррифии синамои миллӣ ва фарҳанги Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.
Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун филм соҳиби ҷоизаҳои «Беҳтарин нақши мардона» гардид, ки онро ҳунарпешаи наврас Абдулло Раҳимзода соҳиб шуд. Ҳамзамон филм бо ҷоизаи «Беҳтарин саунд-дизайн» ва диплом барои беҳтарин саундтрек низ сарфароз гардонида шуд.
«Моҳӣ дар шаст» дар бахши асосии озмунии филмҳои пурраметраж ширкат намуда, бо 11 филм аз кишварҳои Пуэрто-Рико, Филиппин, Фаронса, Олмон, Россия, Ҳиндустон, Беларус, Эрон ва Қазоқистон рақобат кард. Ба даст овардани се мукофот дар чунин рақобати сатҳи баланд аз он шаҳодат медиҳад, ки меҳнати дастаҷамъонаи гурӯҳи бузурги эҷодӣ аз ҷониби ҳайати байналмилалии доварон баҳои арзанда гирифтааст.
Дар нақшҳои асосии филм Хуршед Мустафоев, Абдулло Раҳимзода, Сайёра Сафарӣ, Исфандиёр Ғуломзода, Моҳпайкар Ёрова ва Шаҳло Раҳимӣ ҳунарнамоӣ кардаанд.
Муаллифони филм ин муваффақиятро натиҷаи заҳмати садҳо нафар медонанд, ки дар тамоми марҳилаҳои офариниши асар саҳм гузоштаанд. Дар ин замина аз ҳайати эҷодӣ, аз ҷумла Бахтиёр Каримов, Фаридун Орифӣ, Мусулмон, Искандар, Додохон, Амирҷон, Манижа, Лутфулло, Шуҳрат, Насриддин, Садоқат, Бахтиёр, Эраҷ, Ваҳоб, Мафтуна, Суҳроб ва Шокир, инчунин аз шарикони эронӣ — ширкатҳои iFilm ва SiKAAP, аз ҷумла Эҳсони Кова, Шамси Муртазо, Руҳонӣ, Ҳамадонизода, Амир Тоҷик ва Фотимаи Ҷавоҳирсоз ёдоварӣ карда шуд.
Ҳамчунин ба гурӯҳи пас аз истеҳсол — Эмоди Худобахш, Ораш Қосимӣ, Фардин Халатбарӣ, Фарбоди Ҷалолиён ва Таҳмина Аскарӣ, инчунин ба директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ва коргардони маъруф Валерий Аҳадов барои дастгирӣ ва саҳмашон изҳори сипос гардид.

Ба таъкиди ҳайати эҷодӣ, муваффақияти филм танҳо бо ҷоизаҳо маҳдуд намешавад. Ба гуфтаи онҳо, муҳимтарин дастовард он аст, ки филм тавонист тасаввуроти бисёре аз тамошобинони хориҷиро нисбат ба Тоҷикистон тағйир диҳад.
Пас аз намоиши филм даҳҳо нафар аз тамошобинони рус бо эҳсоси самимӣ ба муаллифон изҳори сипос намуда, зебоии Тоҷикистон, фарҳанги ғанӣ, ҳунари баланди актёрон ва инсондӯстии мардуми тоҷикро таъкид карданд. Ба андешаи эҷодкорон, маҳз чунин тағйири нигоҳ ва муаррифии симои воқеии кишвар арзишмандтарин натиҷаи ҳар як филми миллӣ мебошад.
Дар доираи ҷашнвора инчунин вохӯрии эҷодӣ бо донишҷӯёни бахши актёрии Донишгоҳи Ярославл баргузор гардид. Зимни мулоқот таҷрибаи мактаби актёрии тоҷик, равандҳои филмсозӣ дар Тоҷикистон ва хусусиятҳои кори гурӯҳҳои эҷодӣ дар саҳнаҳои наворбардорӣ муаррифӣ шуданд.
Ҳангоми суҳбат таваҷҷуҳи махсуси донишҷӯёнро фазои меҳмоннавозӣ ва ҳамбастагии сокинони Тоҷикистон ҷалб намуд. Эҷодкорон нақл карданд, ки зимни наворбардории филм дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Панҷакент, Айнӣ, Ваҳдат ва Муъминобод сокинони маҳаллӣ бе ягон дархост гурӯҳи наворбардориро бо нони гарм, ҷурғот, палав ва дигар ғизоҳои миллӣ истиқбол намуда, тамоми равандро бо самимият дастгирӣ мекарданд.
Ба гуфтаи ҳайати филм, маҳз ҳамин муҳаббати мардум ва дастгирии ҷомеа имконият фароҳам овард, ки «Моҳӣ дар шаст» ба як асари пурмазмун табдил ёфта, имрӯз Тоҷикистонро дар саҳнаҳои байналмилалии синамо муаррифӣ кунад.
Муваффақияти филм дар Ярославл боз як далели он гардид, ки синамои тоҷик тадриҷан мавқеи худро дар фазои байналмилалӣ таҳким бахшида, метавонад тавассути забони ҳунар симои воқеии Тоҷикистон, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои инсондӯстонаи мардуми кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.
Акс: аз бойгонии гурӯҳи эҷодии филми «Моҳӣ дар шаст»
