Ҳифзи иҷтимоӣ ҳамоно аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад: дар Хуҷанд ба кӯдакони ятим аз номи Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо супорида шуданд - ИА Караван Инфо
Ҳифзи иҷтимоӣ ҳамоно аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад: дар Хуҷанд ба кӯдакони ятим аз номи Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо супорида шуданд

Душанбе, 11 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд вохӯрии тантанавӣ бо кӯдакони ятим баргузор гардид. Зимни чорабинӣ 100 нафар тарбиятгиранда аз шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол аз номи Сарвари давлат соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ шуданд.

Чорабинӣ дар тарабхонаи навбунёди «Тоҷ» баргузор шуда, бахше аз сиёсати иҷтимоии давлатро дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумшуда ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа инъикос намуд.

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳоро ба кӯдакон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода тақдим карданд.

Барои иштирокчиёни чорабинӣ барномаи фарҳангии идона ва зиёфати тантанавӣ ташкил гардида, фазои самимият, ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба кӯдакон муҳайё карда шуд.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳифзи иҷтимоии кӯдакони ятим, шахсони дорои маъюбият, оилаҳои камбизоат ва дигар гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Зикр карда шуд, ки давлат пайваста барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҳсил, тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи насли наврас тадбирҳои муассир меандешад. Сармоягузорӣ ба рушди сармояи инсонӣ ҳамчун яке аз заминаҳои асосии рушди устувори мамлакат арзёбӣ мегардад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаи таҳсил таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, ба кӯдакон тавсия дода шуд, ки бо масъулият дониш омӯзанд, илмҳои муосир ва касбу ҳунарҳои рақобатпазирро аз худ намоянд, то дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибкасб дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар тӯли 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои дастгирии иҷтимоии кӯдакони ятим, кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумшуда ва оилаҳои камбизоат ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Амалӣ гардидани чунин иқдомҳо бозгӯи сиёсати пайгиронаи давлат дар самти таҳкими адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд