Душанбе, 13 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Боришоти шадиди рӯзи 11 июл дар ноҳияи Айнӣ боиси фаромадани сел гардида, ба деҳаҳои Дарғ ва Каздони ҷамоати Шамтуч зарари ҷиддӣ расонд. Дар натиҷаи офати табиӣ хонаҳои истиқоматӣ, иншооти иҷтимоӣ, заминҳои кишоварзӣ, воситаҳои нақлиёт ва амволи сокинон осеб диданд.

Бино ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, сел аз маҷрои дарёҳои Сурхӣ, Кашак ва Ҷарӣ ҷорӣ шуда, ба ҳудуди деҳаи Каздон ва маҳаллаҳои атрофи он ворид гардидааст.
Дар натиҷаи офати табиӣ роҳҳои мошингард ва пиёдагард, шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва обёрӣ, иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, ҷӯйборҳо, боғҳои мевадиҳанда ва киштзорҳои кишоварзӣ осеб дидаанд. Ҳамчунин ба як қатор иншооти иҷтимоӣ низ зарари ҷиддӣ расидааст.


Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи Каздон, беморхонаи минтақавии деҳаи Дарғ, мағозаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳар ду деҳа, хонаҳои истиқоматии сокинон, инчунин 12 воситаи нақлиёт — 11 автомашинаи сабукрав ва як мошини боркаши тамғаи «КамАЗ» зарар дидаанд.
Бо вуҷуди ҳаҷми зиёди харобиҳо, тибқи маълумоти расмӣ, дар натиҷаи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва осебдидагон ба қайд гирифта нашудааст.
Пас аз рух додани офати табиӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз маҳаллаҳои зарардида боздид намуда, бо сокинон мулоқот анҷом дод ва бо ҷараёни корҳои бартарафсозии паёмадҳои сел шинос гардид. Таъкид шуд, ки вазъият таҳти назорати доимии роҳбарияти кишвар қарор дошта, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Айни замон кормандони хадамоти фавқулода, коммуналӣ ва дигар сохторҳои дахлдор дар якҷоягӣ бо сокинони маҳаллӣ корҳои тоза намудани хонаҳои истиқоматӣ, кӯчаҳо ва роҳҳои мошингард аз лойу санг, инчунин интиқоли амволи осебдидаро идома дода истодаанд.

Ҳамзамон мутахассисон ҳаҷми зарари расонидашударо арзёбӣ намуда, ҳисобкунии талафоти моддиро идома медиҳанд. Бар асоси натиҷаҳои ин арзёбӣ ҳаҷми корҳои барқарорсозӣ ва тадбирҳои минбаъдаи дастгирии аҳолии зарардида муайян карда хоҳад шуд.
Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ
