Остона, 15 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Қазоқистон Феҳристи талаботи ҳатмӣ барои тиҷорат бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ ҷорӣ намуда мешавад. Системаи нав дар палатаи миллии соҳибкорон “Атамекен” муаррифӣ намуда шуд.

Феҳрист як манбаи ягонаи рақамӣ хоҳад буд, ки дар он соҳибкорон метавонанд тамоми маълумотро дар бораи талаботҳои марбут ба фаъолияти худ ба даст оранд. Ҳоло пойгоҳ зиёда аз 100 ҳазор меъёрҳои ҳатмиро дар бар мегирад.
“Соҳибкор метавонад дар як хитоб рӯйхати пурраи талаботро аз рӯи намуди фаъолияти худ ба даст орад, ки ин ба кам намудани бори маъмурӣ ва осон намудани кор бо қонунгузорӣ имкон медиҳад”, — қайд намуданд таҳиягарони лоиҳа.
Зеҳни сунъӣ ба таври худкор тағйиротро дар қоидаҳо пайгирӣ мекунад, маълумотро зуд навсозӣ мекунад ва таъсири омили инсонро кам мекунад.
Палатаи соҳибкорон таъкид намуд, ки низоми нав танзими давлатиро фаҳмо, шаффоф ва пешгӯишаванда мегардонад ва инчунин фазои тиҷоратиро дар кишвар беҳтар мекунад.
Иттифоқи ғалладонагии Қазоқистон ташаббусро дастгирӣ намуда, таъсиси феҳристи рақамиро қадами муҳим барои баланд бардоштани самаранокии ҳамкории давлат ва тиҷорат номид.
Тасвир: ЗС Gemini (Ҷимини)
