Душанбе, 14 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Нимаи дуюми рӯзи 12 июл дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ бори дигар сел фаромад. Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар дода, изҳор намуданд, ки офати табиӣ ба роҳҳои автомобилгард, иншооти хоҷагии аҳолӣ, заминҳои кишоварзӣ, зироатҳо ва боғҳои навбунёд хисороти иловагӣ расондааст.

Ба иттилои манбаъ, ин навбат сел аз самти сойи Ғазза ба ҳудуди деҳа ворид шудааст.
Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба сокинони деҳа тавсия додаанд, ки аз наздик шудан ба соҳили сойҳо ва дигар минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 11 июл низ дар натиҷаи боришоти шадид ба деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ сел омада, ба хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, заминҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таълимӣ, беморхона ва як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ хисороти ҷиддӣ ворид карда буд.

Тибқи маълумоти расмӣ, бар асари ҳар ду ҳодисаи табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Айни замон кормандони сохторҳои дахлдор дар якҷоягӣ бо сокинон корҳои тоза намудани манзилҳо, кӯчаҳо ва роҳҳоро аз лойу сангрезаҳо, инчунин интиқоли молу мулки осебдидаро идома медиҳанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ инчунин иттилоъ доданд, ки баҳогузории ҳаҷми хисорот ва муайян намудани зарари моддии расида идома дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ
