Душанбе, 15 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бино аз ду корпус иборат мебошад. Дар корпуси якум утоқҳои кории роҳбарият, воҳидҳои сохторӣ, маркази қабули шаҳрвандон, толорҳои ҷаласа ва машварат, китобхона, утоқҳои хизматӣ, синфхонаҳои компютерӣ, толори видеоконфронс ва дигар ҳуҷраҳои хизматӣ ҷойгир шудаанд.
Дар маҷмуъ, дар бинои нави вазорат тамоми инфрасохтори зарурӣ барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти адлия фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, толори бузурги конфронс бо 500 ҷойи нишаст, толори хурди конфронс бо 140 ҷойи нишаст ва ҳафт толори машваратӣ, ки ҳар кадоми онҳо барои 40 нафар пешбинӣ шудаанд, бунёд гардидаанд.
Ба инфрасохтори техникии вазорат инчунин маркази қабули шаҳрвандон, китобхона, бойгонӣ, синфхонаҳои компютерӣ, чопхона, толорҳои видеоконфронс, маркази серверӣ, ошхона, анборҳо, толори варзишӣ бо таҷҳизоти муосир ва ҳуҷраҳои махсус барои таҷҳизоти зиддисӯхтор дохил мешаванд.
Иншоот тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири техникӣ ва технологияҳои рақамӣ таъмин шудааст.
Ба истифода додани бинои нави Вазорати адлия қадами муҳим дар рушди инфрасохтори мақомоти адлия маҳсуб ёфта, ба татбиқи ислоҳоти соҳавӣ, гузариш ба низоми муосири идоракунӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ мусоидат хоҳад кард.

Бино бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва таҷҳизоти замонавӣ сохта шуда, пурра ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.
Ифтитоҳи ин иншоот бозгӯи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди мақомоти давлатӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият барои онҳо мебошад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин як қатор муассисаҳои зертобеи вазорат дар ҳамин бино ҷойгир карда шудаанд.
Бинои нави Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
