Душанбе, 15 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳайати вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода 14 июл бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дошта, дар доираи он як қатор мулоқотҳои муҳими иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баргузор гардиданд.

Дар ҷараёни сафар дар музофоти Шэнсӣ мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо губернатори музофот Чжао Ган баргузор шуд. Сафари мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи Созишномаи бародаршаҳрии байни вилояти Суғд ва музофоти Шэнсӣ амалӣ мегардад.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи технологияҳои муосирро баррасӣ намуданд. Музофоти Шэнсӣ, ки маркази маъмурии он шаҳри Сиан мебошад, яке аз минтақаҳои пешрафтаи саноатии Чин маҳсуб шуда, дар соҳаҳои мошинсозӣ, истеҳсоли ҷузъҳои электронии микрочипҳо, коркарди металлҳои нодир, истихроҷи нафт ва рушди кишоварзии инноватсионӣ мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
Ҳамзамон дар шаҳри Сиан Раҷаб Аҳмадзода бо директори генералии ширкати «Боширан» Ма Чжипэн мулоқот анҷом дод. Дар маркази музокирот масъалаҳои навсозии соҳаи пахтакорӣ ва таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техникаи муосир қарор доштанд.

Ширкати «Боширан», ки соли 2009 дар ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфтааст, яке аз истеҳсолкунандагони пешсафи техникаи интеллектуалии кишоварзӣ барои тамоми давраи парвариши пахта ба ҳисоб меравад.
Корхона комбайнҳои пахтачинӣ, тухмипошакҳо, дорупошакҳои худгард, дронҳои кишоварзӣ, техникаи омодасозии замин ва дигар таҷҳизоти махсусро истеҳсол намуда, онҳоро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Миср, Эрон, Бразилия ва Австралия содир мекунад. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 ширкат тақрибан 50 фоизи бозори комбайнҳои пахтачинии Чинро дар ихтиёр дошт.

Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки таҷдиди техникии соҳаи пахтакорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди комплекси агросаноатии вилояти Суғд мебошад. Ба гуфтаи ӯ, истифодаи техникаи муосир самаранокии истеҳсолотро дар ноҳияҳои пахтакори Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Деваштич ба таври назаррас баланд мебардорад.
Дар навбати худ Ма Чжипэн омодагии ширкатро барои рушди ҳамкориҳои дарозмуддат бо Тоҷикистон изҳор намуда, қайд кард, ки «Боширан» на танҳо техникаи муосирро таъмин мекунад, балки омода аст марказҳои хизматрасонӣ таъсис дода, низомҳои муосири обёрии қатрагиро низ ҷорӣ намояд.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар самти таъмини ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд бо комбайнҳои пахтачинӣ ва дигар техникаи муосири кишоварзӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
