Душанбе, 16 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ба шарофати навсозии инфрасохтор болоравии бесобиқаи самаранокиро нишон медиҳад.

Тавре дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ дар шабакаҳои тақсимотӣ то 1 миллиарду 248,37 миллион киловатт-соат коҳиш ёфта, сатҳи талафот 12,42 фоиз-ро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 582,96 миллион киловатт-соат ё 5,51 банди фоизӣ камтар буда, дар амал коҳиши қариб сеяки талафотро инъикос мекунад.
Омили асосии ин натиҷа ҷорӣ намудани низоми интеллектуалии баҳисобгирии неруи барқ ва иваз намудани хатҳои фарсудаи интиқоли барқ арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, ин раванд бештар дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд суръат гирифта, сатҳи талафот тадриҷан ба меъёрҳои техникӣ наздик мешавад ва дар баъзе мавридҳо ҳатто аз онҳо поёнтар рафтааст. Айни замон бо ҳисобкунакҳои «ҳушманд» 81 фоизи муштариёни шаҳри Душанбе ва 42 фоизи истифодабарандагони вилояти Суғд, аз ҷумла 20 фоизи муштариёни шаҳри Хуҷанд, таъмин шудаанд. Ба анҷом расонидани рақамикунонии пурраи низоми баҳисобгирӣ дар вилояти Суғд барои соли оянда пешбинӣ шудааст.
Нишондиҳандаҳои мусбат дар дигар бахшҳои низоми энергетикӣ низ ба қайд гирифта шудаанд. Дар неругоҳҳои ҶСК «Барқи Тоҷик» талафоти неру ҳангоми истеҳсол то 0,32 фоиз (28,4 миллион киловатт-соат) коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, дар ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ки хатҳои магистралиро идора мекунад, талафот то 2,96 фоиз (364 миллион киловатт-соат) поин рафта, нисбат ба соли гузашта 20,3 миллион киловатт-соат кам шудааст.
Сарфаи беш аз 580 миллион киловатт-соат неруи барқ захираи бузурги дохилӣ мебошад, ки онро метавон бо истеҳсоли чандмоҳаи як неругоҳи миёнаи барқи обӣ муқоиса кард. Аз байн бурдани талафоти тиҷоратӣ, яъне истифодаи ғайриқонунӣ ва баҳисобгирии нодуруст, вазъи молиявии ширкатҳои энергетикиро беҳтар намуда, имкони равона кардани маблағҳои иловагӣ ба навсозии инфрасохторро фароҳам меорад.
Аҳамияти стратегии ин дастовардро барои рушди саноати кишвар махсус таъкид мекунанд. Ҳаҷми иловагии неруи барқи сарфашуда барои корхонаҳои сермасрафи энергетикӣ, ки Тоҷикистон дар доираи сиёсати саноатикунонӣ ба истифода медиҳад, аҳамияти калидӣ дорад. Ба ин тартиб, рақамикунонии бахши коммуналӣ ба яке аз омилҳои асосии пешбурди ҷаҳиши саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил меёбад.
АКС: Азия+
