Душанбе, 16 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоишгоҳи аксҳо бахшида ба хизматчиёни ҳарбии шӯравӣ — зодагони Тоҷикистон, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар асорати фашистӣ ҷони худро аз даст додаанд, баргузор гардид.

Ин чорабинӣ на танҳо арҷгузорӣ ба хотираи ҳомиёни Ватан, балки рӯйдоди муҳими илмӣ ва таърихӣ маҳсуб ёфта, ба ҳифзи мероси ҳуҷҷатӣ ва барқарор намудани сарнавишти ҳамватаноне равона шудааст, ки номҳои онҳо солҳои зиёд дар саҳифаҳои таърих камтар бозтоб ёфта буданд.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Вячеславович Григорьев, инчунин олимон, муҳаққиқон ва таърихшиносони кишвар иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки намоишгоҳ ба ҷовидонсозии хотираи хизматчиёни ҳарбии шӯравӣ — зодагони Тоҷикистон, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар асорати фашистӣ ҳалок шудаанд, бахшида шуда, саҳифаҳои муҳими таърихи ҷанг, қаҳрамонӣ ва ҷоннисории ҳамватанони моро инъикос мекунад. Дар экспозитсия аксҳо, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва дигар маводи таърихӣ ба намоиш гузошта шудаанд, ки аз сарнавишти ин афрод ва роҳи пурфоҷиаи онҳо шаҳодат медиҳанд.
Иштирокчиён таъкид карданд, ки чунин ҳуҷҷатҳои бойгонӣ барои барқарор намудани номҳои қурбониён, муайян кардани ҷузъиёти сарнавишти онҳо ва ҳифзи ҳақиқати таърихӣ барои наслҳои оянда аҳаммияти бузурги илмӣ ва маънавӣ доранд.

Дар идомаи чорабинӣ намояндагони Маркази байналмилалии таҳқиқоти Ҷанги дуюми ҷаҳон (шаҳри Марибор, Ҷумҳурии Словения) маводи бойгонии марбут ба хизматчиёни ҳарбии шӯравӣ — зодагони Тоҷикистон, ки дар асорати фашистӣ ҳалок шудаанд, ба таври расмӣ ба Президиуми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон супориданд.
Ба гуфтаи иштирокчиён, интиқоли ин ҳуҷҷатҳои бойгонӣ саҳми арзишманд дар ғанӣ гардонидани фонди илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, барои анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ оид ба саҳифаҳои камомӯхтаи Ҷанги дуюми ҷаҳон имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ҳуҷҷатҳои нав ба олимон имкон медиҳанд, ки сарнавишти зодагони Тоҷикистонро, ки дар асорати фашистӣ ҳалок шудаанд, дақиқтар таҳқиқ намуда, хотираи насли қаҳрамонеро, ки дар пирӯзӣ бар фашизм саҳми арзанда гузоштааст, ҳифз намоянд.
Татбиқи чунин ташаббусҳои байналмилалии башардӯстона ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, рушди таҳқиқоти бойгонӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ мусоидат намуда, дар омӯзиши саҳифаҳои муҳими таърихи халқи Тоҷикистон аҳаммияти махсус дорад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
