Қазоқистон Конвенсияро дар бораи таъсиси созмони медиатсия дар Пекин имзо намуд
Пекин, 16 июли соли 2026-АИ Караван Инфо. Ҳайати расмии Қазоқистон Конвенсияро дар бораи таъсиси созмони Байналмилалии медиатсия (тартиби ҳалли баҳсҳо бо иштироки миёнарав) имзо намуд.

Ҳамроҳ шудан ба конвенсия барои миёнаравҳои қазоқистон имкониятҳои нав фароҳам меорад: ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷриба ва такмили ихтисос. Ҳуҷҷат барои ҷорӣ намудани равишҳои муосир барои ҳалли баҳсҳо, аз ҷумла низоъҳои фаромарзӣ шароит фароҳам меорад ва институти миенаравиро дар кишвар рушд медиҳад.
Вазорат изҳор дошт, ки минбаъд тибқи қонунгузорӣ расмиёти дохилидавлатии тасдиқ гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ 45 давлат конвенсияро имзо намуданд.
Аксҳо: pixabay / Franz26
