Қазоқистон воридоти гандумро ним сол манъ намуд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон воридоти гандумро ним сол манъ намуд

Остона, 17 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазири кишоварзӣ фармонеро дар бораи манъи воридоти гандум ба ҳудуди ҷумҳурӣ барои шаш моҳ имзо намуд. Маҳдудият барои нақлиёти автомобилӣ, обӣ ва роҳи оҳан амал мекунад.

Истисно барои интиқоли роҳи оҳан ба корхонаҳои паррандапарварӣ ва коркарди ғалла, элеваторҳои иҷозатномадор (корхонаҳои нигоҳдории ғалла) ва ширкати миллии “Корпоратсияи шартномавии озуқаворӣ” дода шудааст. Гандуми тавассути ин каналҳо воридшуда дар бозорҳои дохилӣ ё хориҷӣ фурӯхта намешавад.

Манъкунӣ ба интиқоли транзитӣ тавассути Қазоқистон ва интиқоли гандум байни давлатҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дар ҳудуди ҷумҳурӣ дахл надорад.

Аксҳо: pixabay / Couleur