Остона, 19 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев муовини раис-роҳбари Котиботи Қазоқистон Халиқ Кенеси Канатбек Ҷайсанбоевро қабул намуд. Сарвари давлат дар бораи таъсиси сохтори нави ҷамъиятӣ ва тадбирҳои ташкили кори он гузориш шунид.

Ба гуфтаи Канатбек Ҷайсанбоев, Котибот дастгирии ташкилӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иттилоотӣ – таҳлилии фаъолияти Шӯроро таъмин мекунад.
“Халиқ Кенеси” як майдони муколамаи беназир аст, ки дар бунёди Қазоқистони Одилона нақши муҳим мебозад”, – таъкид кард Касим – Жомарт Токаев.
Президент дастур дод, ки ҳамкории самараноки Шӯро бо мақомоти давлатӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин таъмини омодагии босифат ба сессияи якуми Қазақстан Халиқ Кенеси ба роҳ монда шавад.
Аксҳо: Акорда
