Адолати фарогир: Душанбе ба майдони муколамаи байналмилалӣ оид ба нақши занон дар низоми судӣ табдил ёфт - ИА Караван Инфо
Адолати фарогир: Душанбе ба майдони муколамаи байналмилалӣ оид ба нақши занон дар низоми судӣ табдил ёфт

Душанбе, 17 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Масъалаҳои рушди низоми судии ҳассос ба баробарии гендерӣ, густариши иштироки занон дар татбиқи адолати судӣ ва ҷорӣ намудани меъёрҳои пешқадами байналмилалӣ меҳвари Конфронси байналмилалии «Занон дар низоми адолати судӣ: муколама, рушд ва адолат» гардид, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ҳамоиш намояндагони мақомоти судӣ, ҷомеаи коршиносӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба ҳам оварда, омодагии Тоҷикистонро барои такмили минбаъдаи низоми судӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ, дастрасӣ ва адолат бори дигар таъйид намуд.

Дар кори конфронс судяҳо, ҳуқуқшиносон ва мутахассисони соҳа аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок карданд. Чорабинӣ бо дастгирии фаъоли Сохтори «СММ – Занон» дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки солҳои зиёд дар самти таҳкими баробарии гендерӣ ва рушди иқтидори институтсионалии низоми судии кишвар ҳамкорӣ менамояд.

Зимни ифтитоҳи конфронс роҳбари дафтари Сохтори «СММ – Занон» дар Тоҷикистон Марзия Байдуллоева аҳаммияти таъмини дастрасии баробари занон ба адолати судӣ, таҳкими иқтидори касбии занони судя, адвокат ва прокурор, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши нақши роҳбарии занон дар низоми судиро таъкид намуд.

Дар меҳвари муҳокимаҳо масъалаҳои рушди адолати судии ба гендер нигаронидашуда, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти судҳо ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба ҳифзи судӣ, такмили сатҳи касбии занони судя ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба баррасии парвандаҳои вобаста ба табъиз ва зӯроварӣ қарор доштанд.

Иштирокчиёни конфронс инчунин ба мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва баррасии усулҳои муосири ташаккули низоми одилона ва фарогири адолати судӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ба андешаи коршиносон, зиёд гардидани намояндагии занон дар мақомоти судӣ ба таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ, рушди низоми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва баланд бардоштани самаранокии баррасии парвандаҳои дорои аҳаммияти иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Дар ҷамъбасти конфронс иштирокчиён омодагии худро барои идомаи татбиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар низоми судии миллӣ тасдиқ карданд.

Таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи иқтидори касбии занон дар соҳаи адолати судӣ яке аз самтҳои муҳими ислоҳот ва навсозии мақомоти судӣ боқӣ мемонад.

Сохтори «СММ – Занон» инчунин омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ташаббусҳое, ки ба тавсеаи имкониятҳои занони судя, таъмини тавозуни гендерӣ ва ташаккули низоми муосири адолати судии бар пояи принсипҳои адолат, фарогирӣ ва дастрасии баробар ба адолати судӣ асос ёфтааст, бори дигар таъйид намуд.

АКС: Сохтори «СММ – Занон» дар Тоҷикистон