Душанбе, 17 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Офатҳои табиӣ ҳамоно яке аз омилҳои асосии таҳдид ба рушди устувори Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар ҷумҳурӣ 741 ҳолати фавқулодаи хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст.

Зарари аз ҳама бештарро ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар селҳо, тармафароӣ ва шамолҳои сахт расонидаанд. Дар байни ин ҳодисаҳо селҳои пурқуввате, ки моҳи июл дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент рух доданд, мавқеи махсус дошта, зиёни пешакии онҳо зиёда аз 11 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар давраи ҳисоботӣ 123 ҳодисаи сел, 508 ҳолати тармафароӣ, 27 сангрезӣ, 26 заминларза, 10 ярч, 27 ҳолати шамоли сахт, 11 борони шадид, 4 ҳолати болоравии сатҳи об, 4 барфрезии шадид ва як раъду барқ ба қайд гирифта шудаанд.
Ба иқтисодиёт ва аҳолии кишвар бештар аз ҳама селҳо, тармафароӣ ва шамолҳои сахт таъсири манфӣ расониданд. Дар 28 ҳолат офатҳои табиӣ боиси хисороти иқтисодӣ гардида, ҳаҷми умумии зарари пешакӣ 52 миллиону 827 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Дар натиҷаи ин офатҳои табиӣ 12 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Аз ҷумла, 7 нафар бар асари селҳо, 2 нафар дар натиҷаи тармафароӣ дар ноҳияи Варзоб ва аз сангрезӣ дар ноҳияи Рӯшон, ярч дар шаҳри Панҷакент ва шамоли сахт дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе якнафарӣ ҷони худро аз даст доданд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба оқибатҳои селҳое, ки 11 ва 12 июл дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент ба амал омаданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар деҳаҳои Дарғ ва Қаздон-и ҷамоати Шамтучи ноҳияи Айнӣ пас аз боронҳои шадид сел ду маротиба фаромад. Сели аввал 11 июл, селаи такрорӣ бошад 12 июл ба қайд гирифта шуда, корҳои барқарорсозиро боз ҳам мушкилтар гардонд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ноҳияи Айнӣ 65 хонаи истиқоматӣ зарар диданд. Аз ин шумора се хона қисман ва як хона пурра хароб гардид. Ҳамчунин 117 иншооти ёрирасон, 98 қитъаи наздиҳавлигӣ, зиёда аз 29 гектар заминҳои кишоварзӣ, хатҳои интиқоли барқ, шабакаҳои оби нӯшокӣ, каналҳои обёрӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар иншооти инфрасохторӣ осеб диданд. Илова бар ин, 14 сар чорвои майда талаф ёфт.
Барои бартараф намудани оқибатҳои офат неруҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, мақомоти маҳаллӣ ва техникаи махсус сафарбар карда шуданд. Айни замон корҳои тоза кардани маҷрои дарёҳо, мустаҳкамсозии соҳилҳо, барқарорсозии роҳҳо, хатҳои барқ ва шабакаҳои обрасонӣ идома доранд. Зарари пешакии расида дар ноҳияи Айнӣ зиёда аз 7 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Хисороти ҷиддӣ инчунин дар деҳаи Рашнаи Поён-и ҷамоати Шинги шаҳри Панҷакент ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи сел панҷ хонаи истиқоматӣ пурра вайрон, чор хона қисман осеб дида, обу лой ба 63 хонаи истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ ворид гардид. Ҳамчунин ду пул, 1,3 километр роҳи маҳаллӣ, хатҳои интиқоли барқ ва як воситаи нақлиёт зарар диданд.
Барои гузаронидани корҳои барқарорсозӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, мақомоти маҳаллӣ, мутахассисони соҳаи геология ва сокинони деҳаҳои зарардида сафарбар карда шуданд. Ҳаҷми пешакии зарари моддӣ дар Панҷакент зиёда аз 4 миллион сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид намуданд, ки ҳаҷми ниҳоии зарар пас аз анҷоми пурраи корҳои баҳисобгирӣ, арзёбии коршиносон ва таҳияи хулосаҳои комиссияҳои соҳавӣ муайян карда мешавад.
Ба андешаи коршиносон, омори шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бори дигар осебпазирии баланди Тоҷикистонро нисбат ба селҳо, тармафароӣ ва дигар равандҳои хатарноки геологӣ нишон медиҳад. Дар чунин шароит рушди низоми огоҳсозии бармаҳал, таҳкими иншооти муҳофизатӣ ва баланд бардоштани устувории маҳалҳои аҳолинишин ба офатҳои табиӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти аҳолӣ ба шумор мераванд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
