Тоҷикистон дар СММ ташаббусҳои худро оид ба дастгирии солимии равонии ҷавонон тавассути футбол муаррифӣ кард - ИА Караван Инфо
Тоҷикистон дар СММ ташаббусҳои худро оид ба дастгирии солимии равонии ҷавонон тавассути футбол муаррифӣ кард

Душанбе, 20 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Як ҷаҳон, як бозӣ, як ҳадаф» баргузор гардид, ки ба нақши футбол ва технологияҳои рақамӣ дар таҳкими солимии равонии ҷавонон бахшида шуд.

Ин ҳамоиш бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба корҳои ҷавонон ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ва ёвари Дабири кулли СММ оид ба корҳои ҷавонон Фелипе Паулйер иштирок намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба ташаббуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ оид ба эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол равона карда шуд. Ин ташаббус қаблан аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона дастгирӣ гардида буд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ҳамчунин ба иштирокчиён наворномаи маъракаи «Тӯбро ба дигарон бидеҳ», ки аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ амалӣ гардидааст, муаррифӣ карда шуд. Лоиҳа ҳамчун намунаи муваффақи истифодаи варзиш ва платформаҳои рақамӣ барои тарғиби масъалаҳои солимии равонии ҷавонон арзёбӣ гардид.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон