Лоиҳаи PARWONA 2.0: дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) мактаби тобистонаи тиҷорати электронӣ ифтитоҳ ёфт - ИА Караван Инфо
Лоиҳаи PARWONA 2.0: дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) мактаби тобистонаи тиҷорати электронӣ ифтитоҳ ёфт

Душанбе, 20 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянский)маросими ифтитоҳи Мактаби тобистонаи тиҷорати электронӣ баргузор гардид, ки дар доираи лоиҳаи PARWONA 2.0 амалӣ мешавад.

Чорабинӣ ба рушди малакаҳои рақамии донишҷӯдухтарон, густариши имкониятҳои касбии онҳо, дастгирии соҳибкории занон ва ташаккули салоҳиятҳои амалӣ, ки дар шароити иқтисоди рақамӣ талабот доранд, равона гардидааст.

Ректори Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) бо сухани ифтитоҳӣ иштирокчиён, ташкилкунандагон ва меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки баргузории Мактаби тобистона барои донишгоҳ ва низоми омодасозии мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад, зеро ин лоиҳа таҳсилот, технологияҳои муосир ва имкониятҳои воқеии рушди касбиро ба ҳам мепайвандад.

Дар суханронии худ ректор зикр кард, ки рақамикунонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар ба баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, омодасозии кадрҳои муосир ва рушди ҳалли инноватсионӣ дар соҳаҳои маориф, иқтисод ва идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Мактаби тобистонаи PARWONA 2.0 ба азхуд намудани донишҳои амалӣ дар самти тиҷорати электронӣ, соҳибкории рақамӣ, пешбурди лоиҳаҳо, кор бо платформаҳои муосири онлайн ва рушди робитаҳои касбӣ нигаронида шудааст.

Иштирокчиён бо абзорҳои муосире шинос мешаванд, ки барои эҷоди муҳтавои рақамӣ, пешбурди идеяҳо ва истифодаи имкониятҳои муҳити электронӣ ҷиҳати рушди фаъолияти касбӣ ва соҳибкорӣ мусоидат мекунанд.

Аҳамияти махсуси лоиҳа дар он аст, ки он барои занону духтарон имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварда, барои худшиносии касбӣ, мустақилияти молиявӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар рушди иқтисоди рақамии кишвар замина муҳайё месозад.

Ректори Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамии Тоҷикистон», Бонки ҷаҳонӣ, Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, инчунин ҳамаи шарикони лоиҳа барои эътимод ба донишгоҳ ва ҳамкории судманд дар рушди сармояи инсонӣ изҳори сипос намуд.

Баргузории Мактаби тобистонаи тиҷорати электронӣ дар заминаи Донишгоҳи Россияву Тоҷикистон (Славянӣ) қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории донишгоҳ бо шарикон дар соҳаи таҳсилоти рақамӣ ба ҳисоб меравад.

Лоиҳа ба донишҷӯдухтарон имкон медиҳад, ки донишҳои нав ба даст оварда, малакаҳои амалии худро такмил диҳанд, ҷаҳонбинии касбии худро васеъ намоянд ва таҷрибаи заруриро барои фаъолияти муваффақ дар шароити муосири иқтисодӣ ва коммуникатсионӣ соҳиб гарданд.

Интизор меравад, ки Мактаби тобистонаи PARWONA 2.0 барои иштирокчиён ба майдони тавлиди ғояҳои нав, рушди муоширати касбӣ ва ҳаракати устувор ба сӯи пешрафти шахсӣ ва касбӣ табдил ёбад.

АКС: Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ)