Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, соҳибкорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияи Рашт мулоқот баргузор намуд - ИА Караван Инфо
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, соҳибкорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияи Рашт мулоқот баргузор намуд

Душанбе, 20 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 19 июли соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар ноҳияи Рашт бо фаъолон, соҳибкорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот баргузор кард.

Дар оғози мулоқот вазир ҳозиринро ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар бораи аҳамияти таърихӣ ва арзиши Истиқлоли давлатӣ ибрози назар кард.

Вазири корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки таҳкими Истиқлоли давлатӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва расидан ба Ваҳдати миллӣ, ки бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд, аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Қайд карда шуд, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона, иродаи устувор ва иқдомҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Тоҷикистон аз буҳрони сиёсиву низоъҳои дохилӣ раҳо ёфта, роҳи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагиро пеш гирифт.

Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди инфрасохтор, корҳои ободониву созандагӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният, инчунин нақши шаҳрвандон дар пешрафти ҷомеа ва дигар дастовардҳои даврони Истиқлол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки имрӯз Тоҷикистон бо шарофати сиёсати дурбинона ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзанда касб намудааст. Аз ҷумла, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бо пешниҳоди Пешвои миллат қабул гардид, ба таҳкими сулҳу субот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ равона шудаанд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, дастгирии соҳибкорӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ суханронӣ намуда, барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба рушди ноҳияи Рашт изҳори сипос кард.

АКС: Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон