«Мӯқаламе, ки таърихро ҷовидона кард»: дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт - ИА Караван Инфо
«Мӯқаламе, ки таърихро ҷовидона кард»: дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт

Душанбе, 20 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори рассоми барҷастаи тоҷик Ашур Ҳайдаров таҳти унвони «Мӯқаламе, ки таърихро ҷовидон кард» баргузор гардид. Намоишгоҳ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110-солагии зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ашур Ҳайдаров бахшида шудааст.

Ин намоишгоҳ на танҳо як рӯйдоди фарҳангӣ, балки қадами муҳим дар самти ҳифз ва муаррифии мероси бадеии миллӣ мебошад. Он имконият фароҳам овард, ки насли имрӯз бо эҷодиёти яке аз намояндагони барҷастаи мактаби классикии рассомии тоҷик, ки дар осораш хотираи таърихӣ, худшиносии миллӣ ва маҳорати баланди ҳунарӣ таҷассум ёфтааст, шинос шавад.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода иброз дошт, ки ҳадафи асосии баргузории ин намоишгоҳ абадӣ гардонидани хотираи яке аз устодони барҷастаи санъати тасвирии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси пурғановати эҷодии ӯ ва муаррифии анъанаҳои мактаби классикии рассомии тоҷик мебошад.

Намояндагони соҳаи фарҳанг саҳми назарраси Ашур Ҳайдаровро дар рушди санъати тасвирии миллӣ таъкид намуданд. Осори ӯ як бахши муҳими таърихи бадеии кишвар ба шумор рафта, тавассути тасвири шахсиятҳои таърихӣ, мавзӯъҳои миллӣ ва манзараҳои Тоҷикистон арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии халқро инъикос менамояд.

Дар намоишгоҳ аз хазинаи тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 33 асари нодири рассом ба маърази тамошо гузошта шудааст. Асарҳои устод бо рангорангии хос, ҳамоҳангии таркиб, амиқии образҳо ва тасвири зебои табиати кишвар фарқ мекунанд.

Дар байни асарҳои маъруфи таърихии пешниҳодшуда метавон аз «Рӯдакӣ дар миёни ҳамдиёрон», «Мушфиқӣ дар Бухоро», «Вохӯрии Абӯалӣ ибни Сино бо олимони Ҳамадон», «Регистони Самарқанд», «Образи арӯс», «Озодӣ аз зиндон», «Партофтани паранҷӣ», «Фурӯпошии аморат» ва «Ҳуҷум» ёд кард.

Ҳамчунин дар доираи намоишгоҳ беш аз 40 асари графикии Ашур Ҳайдаров аз маҷмӯаи шахсии оилаи рассом пешниҳод гардид, ки онро духтари ӯ Мавлуда Ҳайдарова ба Осорхонаи миллӣ супоридааст.

Ашур Ҳайдаров 14 июли соли 1916 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1938 Омӯзишгоҳи рассомии Самарқандро хатм намуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) иштирок карда, баъди ҷанг фаъолияти эҷодии худро идома дод. Аз соли 1955 дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» дар Душанбе фаъолият намуда, аз соли 1956 рассоми Фонди рассомии Тоҷикистон гардид.

Соли 1958 Ашур Ҳайдаров узви Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд. Барои хизматҳои арзанда дар рушди санъат соли 1990 ба ӯ унвони «Корманди шоистаи санъати Тоҷикистон», ва соли 1991 унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» дода шуд.

Имрӯз осори устод дар осорхонаҳои Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон маҳфуз буда, ҳамчун бахши муҳими мероси фарҳангии минтақа арзёбӣ мешавад.

Намоишгоҳи «Мӯқаламе, ки таърихро ҷовидон кард» то 4 августи соли 2026 барои тамошобинон боз хоҳад буд.

Акс: Осорхонаи миллии Тоҷикистон