«Ин ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!»: ҷавонони Хатлон ба аксияи бузурги экологӣ ҳамроҳ шуданд - ИА Караван Инфо
«Ин ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!»: ҷавонони Хатлон ба аксияи бузурги экологӣ ҳамроҳ шуданд

Душанбе, 21 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар вилояти Хатлон маъракаи васеи экологӣ ва ободонӣ бо иштироки фаъоли ҷавонон ва ихтиёриён идома дорад. Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияҳои «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!», «Дарахти ман — сарсабзии Тоҷикистон» ва «Саҳми ман — дар ободии Ватан» баргузор гардида истодаанд.

Ин иқдомҳо ба Соли 2026 — Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд.

Дар чорабиниҳо ҷавонон, волонтёрон ва намояндагони ҷомеа фаъолона иштирок намуда, ба обёрии саривақтии дарахтони шинонидашуда, нигоҳубини кабудизор, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва корҳои ободонӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Татбиқи ин ташаббус дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва бо дарназардошти ҳарорати баланди фасли тобистон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он нигоҳдории дарахтони ҷавон, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани симои шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ҷавонони вилояти Хатлон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар корҳои ободонӣ фаъолона ширкат варзида, барои сарсабзу хуррам нигоҳ доштани Ватан ва беҳтар намудани муҳити зист саҳми назаррас мегузоранд.

Ташаббус идомаи мантиқии барномаи «300 рӯзи ободониву созандагӣ» буда, ба таҳкими фарҳанги экологӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, рушди фарҳанги шаҳрнишинӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ мусоидат мекунад.

Ташкилкунандагон таъкид менамоянд, ки шиори «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» на танҳо рамзи як маъракаи экологӣ, балки ифодаи рӯҳи созанда, эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулияти насли ҷавон дар ҳифзи муҳити зист ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Аксияҳои экологии ҷавонон имрӯз ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар самти рушди муҳити зист ва ташаккули фарҳанги экологии ҷомеа табдил ёфтаанд. Ҳамгироии корҳои кабудизоркунӣ, ободонӣ ва фаъолияти ихтиёрӣ барои баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳалли масъалаҳои муҳити зист аҳамияти калон дорад.

Дар шароити ҳарорати баланди фасли тобистон нигоҳубини мунтазами дарахтон ва кабудизоркунӣ барои ҳифзи экосистемаҳои шаҳрӣ ва деҳотӣ нақши муҳим мебозад. Ҳамзамон, чунин ташаббусҳо ҳаракати волонтёриро тақвият бахшида, дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими фарҳанги ободкорӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва рушди устувори кишвар мусоидат менамоянд.

Акс: Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон