Душанбе, 22 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи нашри махсуси Мактаби минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба сифати нигоҳубин ва бехатарии беморон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Платформаи нави таълимӣ роҳбарон ва мутахассисони соҳаи тандурустии минтақаро муттаҳид намуда, ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, таҳкими бехатарии беморон ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунии соҳа равона шудааст.
Дар маросими ифтитоҳ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, коршиносони байналмилалӣ ва доираи васеи мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки нашри махсуси Мактаби минтақавии аврупоии ТУТ барои Осиёи Марказӣ бо ташаббуси Дафтари минтақавии ТУТ барои Аврупо тавассути Дафтари он оид ба сифати нигоҳубин ва бехатарии беморон дар шаҳри Афина роҳандозӣ шудааст.

Барнома дар ҳамкорӣ бо Маркази ҳамкории ТУТ оид ба таълим, тадқиқот ва арзёбии сифат ва бехатарии тандурустии Мактаби миллии тандурустии ҷамъиятии Донишгоҳи NOVA-и Лиссабон ва бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари кишварии ТУТ дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Таъсиси ин формати минтақавӣ посух ба ниёзи рӯзафзуни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба майдони ягонаи мубодилаи таҷриба, омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда ва ҷустуҷӯи роҳҳалли муштараки мушкилоти низомҳои тандурустӣ мебошад. Ҳамзамон ташаббус ба афзалиятҳои Барномаи аврупоии кори ТУТ барои солҳои 2026–2030 (EPW 2.0) ва Харитаи роҳи тандурустӣ ва некуаҳволӣ барои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2026–2030 пурра мутобиқ аст.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронӣ иброз дошт, ки баргузории чорабинӣ дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар таҳкими низоми тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муҳими тиббӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Вазир таъкид намуд, ки баргузории аввалин нашри махсуси Мактаби минтақавии аврупоии ТУТ барои Осиёи Марказӣ мояи ифтихори Тоҷикистон буда, умед меравад ин ташаббус ба платформаи устувори минтақавии омӯзиш, мубодилаи дониш ва ҳамкорӣ табдил ёфта, дар оянда дар дигар кишварҳои минтақа низ идома пайдо кунад.

Директори Шуъбаи пешгирӣ ва тарғиби саломатии Дафтари минтақавии ТУТ барои Аврупо Гундо Вайлер иброз дошт, ки Мактаби мазкур танҳо як барномаи таълимӣ нест, балки платформаи муштараки омӯзиш, ҳамкорӣ ва рушди роҳбарӣ мебошад, ки барои посух додан ба мушкилоти умумии низомҳои тандурустии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо таъсис ёфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, беҳтар намудани сифати нигоҳубини тиббӣ ва таҳкими бехатарии беморон на танҳо вазифаи техникӣ, балки масъулияти муштарак дар назди ҷомеа мебошад, зеро ҳадафи асосӣ ташкили низоми тандурустии бехатар, самаранок ва ба инсон нигаронидашуда аст.
Ифтитоҳи Мактаби минтақавии ТУТ дар Душанбе боз як далели нақши рӯзафзуни Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи тандурустӣ буда, мақоми кишварро ҳамчун яке аз марказҳои ташаккули стандартҳои муосири хизматрасонии тиббӣ дар Осиёи Марказӣ таҳким мебахшад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
