Душанбе, 23 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интиқоли як сайёҳи Федератсияи Россия, ки ҳангоми фуруд аз яке аз масирҳои баландкӯҳи Помир ҷароҳат бардоштааст, омодагӣ мебинад.

Тибқи иттилои Кумита, ҳодиса ҳангоми фуруд омадани гурӯҳ аз гузаргоҳи Турамис-1 рух додааст. Игор Байер, шаҳрванди 22-солаи Федератсияи Россия, аз баландӣ лағжида, аз қисми сар ва по ҷароҳат бардоштааст.
Ба иттилои котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Ориф Нозимиён, хабар дар бораи ҳодиса 18 июл аз ҷониби ҳамоҳангсози гурӯҳи сайёҳӣ Сергей Наседкин дастрас гардидааст. Бино ба маълумоти пешниҳодшуда, гурӯҳи иборат аз панҷ шаҳрванди Россия ҳангоми фуруд аз гузаргоҳ ба ин ҳодиса дучор шудааст.
Айни замон иштирокчиёни экспедитсия дар майдони Москвин, дар баландии 4200–4300 метр аз сатҳи баҳр, қарор доранд. Вазъи саломатии ҷабрдида мӯътадил арзёбӣ шуда, ӯ зери назорати доимӣ қарор дорад.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иттилоъ доданд, ки интиқоли ҷабрдида тавассути чархбол бо роҳбари гурӯҳи сайёҳӣ мувофиқа гардида, барои 24 июл ба нақша гирифта шудааст. Раванди амалиёти наҷотдиҳӣ таҳти назорати доимии хадамоти масъул қарор дорад.
Минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон ҳамасола садҳо кӯҳнавард ва дӯстдорони сайёҳии экстремалиро аз кишварҳои гуногун ҷалб мекунанд. Бо вуҷуди ин, ҳаракат дар масирҳои баландкӯҳ омодагии ҷиддӣ, таҷҳизоти махсус ва риояи қатъии қоидаҳои бехатариро талаб мекунад.
Ҳамоҳангии фаврии байни гурӯҳи сайёҳӣ ва хадамоти наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аҳамияти рушди низоми вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаро дар минтақаҳои баландкӯҳ бори дигар нишон медиҳад. Бо афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон, омодагии доимии хадамоти наҷотдиҳӣ ва авиатсияи махсус барои таъмини амнияти сайёҳон аҳамияти боз ҳам бештар касб мекунад.
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Москва Игор Байер дар ҳайати гурӯҳи панҷнафара ба кӯҳ баромад. Акс аз саҳифаи шахсии қаҳрамони матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
